Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши коргарони "Сангтӯда"-ро кӣ бояд бипардозад?


«Нерӯи Сухан» бо таваҷҷӯҳ ба шурӯъи сохтмони пули Панҷи поён - Бандари Шерхон навиштааст, ҳукумати Тоҷикистон аз имкони пеш омада дар навбати аввал ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи ҷануби кишвар бояд кор гирад. Ба навиштаи ҳафтаномаи мазкур, роҳандозии пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ заминаҳои мусоиди густариши равобити иқтисодиро барои навоҳии вилояти Хатлон фароҳам меорад. Дар сурати истифодаи дуруст аз шароити пеш омада, хулоса менамояд «Нерӯи Сухан» вазъи иқтисодии навоҳии ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон беҳбуд ёфта, имкони бунёди зербиноҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин минтақа фароҳам меояд.

«Тоҷикистон» нашрияи хабариву сиёсӣ низ дар мақолае ба зарурати рушди иқтисоди минтақавӣ дар кишвар пардохта, таваҷҷӯҳи мақомотро ба таҳияи барномаи махсус дар ин замина ҷалб намудааст. Зеро таъкид намудааст ин нашрия, сиёсати иқтисодиву иҷтимоии ҳукумат дар манотиқи кишвар ба таври муаассир иҷро намегардад.

«Азия плюс» бо такя бар назарсанҷии Бонки ҷаҳонӣ навиштааст, 57 дарсади ширкату корхонаҳои хусусии Тоҷикистон адами дастрасӣ ба сармояи бонкҳоро аз монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди тиҷорати хурд ва бахши хусусӣ дар ин кишвар номидаанд. Ба навиштаи ин ҳафтанома, беш аз 90 дарсади соҳибкорони тоҷик ҳамоно фаъолияти худро бо истифода аз маблағҳои шахсӣ пеш мебаранд ва дар яксоли охир танҳо як дарсади намояндагони корхонаҳои ғайридавлатӣ тавонистаанд аз бонкҳои Тоҷикистон қарз бигиранд.

Ҳамин нашрия дар матлаби дигар навиштааст, Тоҷикистону Покистон хоҳони эҷоди роҳи автомобилгард миёни ду кишвар шудаанд. Ин мавзӯъ, менависад «Азия Плюс», ахиран дар шаҳри Остона зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Азиз, нахуствазири Покистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Роҳи автомобилгарди ёдшуда афзудааст нашрия, қарор аст, тавассути дараи Вахони минтақаи Бадахшони Тоҷикистон бунёд гардад.

«Бизнес и Политика» аз қавли сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов навиштааст, панҷсад коргари сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда» бинобар бетаваҷҷӯҳии мақомоти вазоратҳои марбутаи Тоҷикистон муддатҳост, ки наметавонанд маоши худро дарёфт намоянд. Ба гуфтаи ҷаноби Абдулатифов ҷониби Русия маблағи корҳои сохтмониро ҷудо намудааст, аммо ҷониби Тоҷикистон бинобар сабабҳои номаълум пардохти маоши коргаронро ба таъхир меандозад.
XS
SM
MD
LG