Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русия дар Рашт


Рашт

Дар маркази водии Рашт, шаҳраки Ғарм шӯъбаи донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русия барои аввалин бор шурӯъ аз якуми сентябри соли 2005 дарҳои худро ба рӯи донишҷӯён боз хоҳад кард. Олимхӯҷа Камолов, мудири қисми илмии шӯъбаи раштии донишгоҳ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ин шӯъба имкони таҳсил дар панҷ факулта: ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз, информатика ва фанновариҳои ҳисоббарорӣ, иқтисоди умумиҷаҳонӣ ва менеҷмент ва маркетинг фароҳам омадааст. Ҷаноби Камолов таъсиси донишгоҳи мазкурро дар минтақа аз он лиҳоз муҳим мешуморад, ки на ҳама имкони шароити таҳсил дар Душанбе доранд. Ба гуфтаи ӯ, донишгоҳ дар бахшҳои рӯзона ва ғоибона фаъолият мекунад ва дар бахши рӯзона сад нафар таҳсил хоҳад кард, ки аллакай ин теъдод афрод ҳуҷҷат супоридаанд. Дипломи донишгоҳ аз тарафи Русия дода мешавад ва таҳсил пурра бо забони русӣ сурат мегирад. Олимхӯҷа Камолов мегӯяд, аксарияти дарсҳо ҳар рӯз тариқи шабакаи интернет аз ҷониби устодони маскавиву петербургӣ дода хоҳад шуд ва дар ҳамин ҳол, устодони маҳаллӣ низ ба дарсгӯӣ ба донишгоҳ ҷалб хоҳанд шуд.

Арзиши таҳсил дар шӯъбаи рӯзона 220 доллар барои як соли таҳсил ва дар шӯъбаи ғоибона 180 доллар таъйин гаштааст. Донишгоҳе, ки дарсҳояшон комилан бо забони русӣ ҷараён хоҳанд гирифт, дар ҳоле дар минтақаи Рашт боз шудааст, ки теъдоди қобили мулоҳизаи ҷавонони ин минтақа барои дарёфти кор ба Русия рӯ бурдаанд ва дар қиёс бо солҳои қабл сафи ҷавонони маълумотдор низ коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG