Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Ӯзбакистон бо иттиҳоми терроризм


Мақомоти интизомии Тоҷикистон як шаҳрванди ҷумҳурии Ӯзбакистонро дастгир намудаанд, ки ба гуфтаи онҳо дар як қатор ҷиноёти вазнин, аз қабили одамкушӣ ва терроризм дар ҳудуди шаҳри Душанбе даст доштааст. Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, шаҳрванди кишвари ҳамсоя сокини 34 - солаи шаҳри Намангон, Бахтиёр Амонбоев мебошад.
Асадуллоев афзуд, шаҳрванди дастгиршудаи Ӯзбакистон дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ гуфт, бар асоси таҳқиқоти ибтидоӣ зоҳиран рӯшан шудааст, ки шаҳрванди дастгиршуда ба ҳизб ва ё ҳаракати сиёсие иртибот надоштааст. Вале, афзуд ӯ, таҳқиқ дар ин замина идома дорад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон эҳтимоли даст доштани ӯро дар куштори Асад Мирзоев, корманди вазорати дохилаи ин кишвар ва Шералӣ Саидов, корманди назорати гумрукии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе истисно намекунанд. Ин ду нафар якуми апрели соли 2005 дар шаҳри Душанбе ба қатл расида буданд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG