Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба тенниси рӯи миз дар Душанбе


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба тенниси рӯи миз байни наврасон, ки аз 7 то 9 июл дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, варзишгарони синнашон то 18-сола аз Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Ин мусобиқа бо ибтикори Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ва кӯмаки Иттиҳоди тенниси рӯи мизи Осиё сурат мегирад. Виталий Гаврилов, дабири кулли Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мутаассифона, дастаҳои мунтахаби наврасони дигар кишварҳои минтақа ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар мусобиқаи мазкур даст кашиданд.
Алӣ Бобоев, муовини сардовари ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ изҳор дошт, тимҳои писаронаю духтаронаи кишварҳои ширкаткунандаи мусобиқа тибқи қавоиди Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз рақобат мекунанд.Ҷаноби Бобоев афзуд, ба тими Тоҷикистон ҳамчун мизбон рухсат шуд, ки дар ду ҳайат ширкат намояд. Ба гуфтаи Алӣ Бобоев, тимҳое, ки дар мусобиқаи шаҳри Душанбе байни писарон ва духтарон ҷойҳои якуму дуввумро ишғол мекунанд, ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба тенниси рӯи миз миёни наврасон, ки аз 23 то 28 июл дар Ҳиндустон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.


Як хабар барои ҳаводорони волейбол. Дастаи мунтахаби занонаи волейболи шаҳри Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими меҳмон - вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо натиҷаи се бар як ғалаба кард, соҳиби ҷоми Федератсияи волейболи Тоҷикистон шуд.
Ва як хабари дигар ин аст, ки мусобиқаи армреслинг ва ё дастхобонӣ дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии Сироҷ Азизов ба поён расид. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Георгий Кайтуков дастболо шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG