Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол


Давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба поён расид. "Регар-ТадАЗ" дар охирин дидораш дар марҳилаи аввал дар майдони худ бар ҳарифи аслиаш -«Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи як бар сифр ғалаба кард. Ба ин тартиб, «Регар-ТадАЗ» бо 23 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт. Ин ягона дастаест, ки ба мағлубият дучор нашуда дар ҳафт дидор ғолиб омадааст ва ду бозиро мусовӣ анҷом додааст.«Вахш» бо 22 хол мақоми дуввумро ишғол мекунад. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар меҳмонӣ «Данғара»-и Данғараро бо натиҷаи панҷ бар сифр шикаст дод, бо 14 хол дар зинаи севвум ҷой гирифтааст. СSКА - тими Вазорати дифои Тоҷикистон, ки аз дастаи мизбон - «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи сифр бар як мағлуб гашт, бо 13 хол ба зинаи чаҳорум фуромад. "Равшан" низ 13 имтиёз дорад, вале таносӯби тӯбҳои СSКА беҳтар аст, бинобар ин кӯлобиҳо дар зинаи панҷум қарор доранд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар сафар бозиро ба «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи як бар ду бохт, бо 12 хол дар ҷойи шашум мебошад. Дидори ду тими шаҳри Душанбе: СКА «Помир» ва «ХИМА» бо ҳисоби сифр бар сифр анҷом ёфт. Се даста: «Саройкамар»,» Данғара» ва «ХИМА» бо ҳафтхолӣ дар ҷадвал мутаносибан мақомҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳумро ишғол мекунанд. СКА «Помир» бо шаш имтиёз дар зинаи даҳум ва охирини ҷадвал мавқеъ дорад. Шӯҳрат Шамсиев, ҳамлагари «Хуҷанд», ки ба дарвозаи ҳарифонаш ҳафт тӯб задааст, беҳтарин нишонзани давраи аввали мусобиқот мебошад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG