Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзил барои мӯҳтоҷон


Фазлиддин Абдусамиев - раиси намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар шароити марҳалаи гузариш ба иқтисоди озод, ки ҷамъияти мӯҳтоҷ ва ниёзмандро дар ҷомеа ба маротиб афзун кардааст, бештари шаҳрвандон имкони бунёд ва сохтани манозили маскуниро надоранд. Аз ин хотир, созмони байналмилалии амрикоии «Манзил барои одамон» бо ҷалби маблағи ширкатҳо ва афроди хайрхоҳ ҷиҳати ба иҷро даровардани барномаҳои худ дар Душанбе низ омода шудааст.

Ҷаноби Абдусамиев гуфт, бо масъулини шаҳрдории Душанбе чанд навбат музокироти муқаддамотӣ дар мавриди гирифтани минтақаи замин барои бунёди манзили зист ва анҷоми корҳои сохтмонии биноҳои нотамом дар пойтахт доир кардааст ва дар шаҳрдорӣ дар сатҳи муовинат аз чунин ибтикори созмони мазкур истиқбол кардаанд. Вай афзуд, дар асоси барнома, ин созмон метавонад дар анҷоми корҳои сохтмонӣ дар биноҳои ниматамоми баландошёна ва низ дар бунёди манзили комилан нав ба шаҳрвандон мусоидат кунад.

Фазлиддин Абдусамиев - дар мавриди усули кор ва муайян кардани сатҳи камбизоатии афрод ва ё хонаводае, ки ниёзи бештар ба манзил дорад гуфт, ин вазифа ба дӯши Шӯрои назди созмон, ки аз афроди зисалоҳ ташкил мешавад, вогузор хоҳад шуд. Ҷаноби Абдусамиев гуфт, ҳарчанд бо даҳ дар сади арзиши умумии манзил шаҳрванд соҳиби ҷойи зист мешавад, аммо боз дар қарордоди дуҷониба шароите зикр шудааст, ки дар сурати риоя нашудан созмон ин ҳақро дорад, ки хонаро бозпас бигирад. Ҳар хонавода ва ё нафаре, ки соҳиби хонаи истиқоматӣ мешавад, баробари ба итмом расидани манзил ва ба истифода додани он муваззаф аст, маблағи муайяншударо бозпас бигардонад. Дар сурати ғайр, созмон метавонад ибтидо ҷарима ва баъдан шаҳрвандро аз манзил ихроҷ кунад.

Намояндагии созмони байналмилалии амрикоии «Манзил барои одамон» дар сад кишвари мухталифи олам, аз ҷумла дар кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия, Қирғизистон, Арманистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунад. Маркази минтақавии он дар Будапешт, вале дафтари асосии дар шаҳри Амеликоси иёлати Ҷорҷияи Амрико аст.
XS
SM
MD
LG