Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарозии ярч дар Кабудҷар 420 метр будааст


Рӯзи 28 июн як пораи кӯҳ дар минтақаи Кабудҷар, километри 101-уми роҳи мошингарди Душанбе, Нуробод канда шуда ва акнун хатари гирифтани пеши роҳи дарёи Вахшро ба вуҷуд овардааст. Абдураҳим Раҷабов, муовини вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, бо роҳи кушод кардани роҳ ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳои Душанбе - Нуробод аз сар гирифта шуд, вале дар сурати болои дарёи Вахш фурӯ рехтани ярч, ки тӯлаш 420 метр будааст, эҳтимол дорад, пеши роҳи дарё гирд шавад. Абдураҳим Раҷабов гуфт, чунин сурати кор оқибатҳои нохушеро дар пай дорад ва ба ин хотир, феълан маъмурони вазорати нақлиёт талош доранд, ин ярчи бузургро ба қисматҳо таҷзия карда, ба дарё андозанд.
Муовини вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон ба вазъи пешомада дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳам пардохт ва гуфт, хатари обхезӣ дар ин ноҳия то ҳол ба далели об шудани пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Омӯ вуҷуд дорад. Оқои Раҷабов гуфт, маъмурони вазоратҳои ҳолоти изтирорӣ ва дифоъ бо роҳи истифода аз таркиш самти ҳаракати обро ба сӯи ҷамоати ба номи Саидқул Турдиев тағйир додаанд ва феълан ҳамчунин ба хотири баланд бардоштани девори каналҳои лабрезшуда низ талошҳо идома доранд.

Ба гуфтаи Абдураҳим Раҷабов, мардум аз куллия манотиқе, ки таҳти хатари обхезӣ қарор дошт, кӯчонида шуда ва барои онҳо хаймаҳову кӯмакҳои ғизоӣ расонида шудааст. Аммо, афзуд мусоҳиби мо, хатари обхезӣ дар ин ноҳия ҳанӯз барҷой мондааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG