Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармуҳосиб ва хазинадор зиндонӣ шуданд


Сармуҳосиби дастгоҳи Шӯрои адлияи Тоҷикистон ва хазинадори ин идора бо ҷурми сӯйистифода аз ваколатҳои мансабию тақаллубкорӣ ба зиндон кашида шудаанд. Хосият Дадаҷонова, корманди дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадҷаббор Хидиров, сармуҳосиби дастгоҳи Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба асноди расмӣ қасдан маълумоти бардурӯғ ворид месозад ва мазмуни аслии онҳоро ба манофеи шахсиаш таҳриф мекунад. Ба қавли хонум Дадаҷонова, Хидиров инчунин миқдори махсусан калони амволи ғайрро, ки ба гунаҳкор бовар карда супурда шудааст, тасарруф менамояд. Хонум Дадаҷонова гуфт, додгоҳи шаҳри Душанбе Муҳаммадҷаббор Хидировро ба мӯҳлати даҳ солу шаш моҳ, бо мусодираи амвол, ба зиндон маҳкум кардааст.
Ҳамзамон, хазинадори Шӯрои адлияи кишвар, Мамлакат Мавлонова низ бо иттиҳомоти мушобеҳ ба ҳашту ним соли зиндон маҳкум гардид. Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, муттаҳамшудагон барои дубора баррасӣ намудани парвандаи онҳо, ба Додгоҳи олии кишвар шикоят бурдаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG