Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори тозатарин аз олами мусиқии Тоҷикистон


Глюкоза, овозхони навраси рус бо як сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Глюкоза, овозхонест, ки соҳиби сабку услуби вижаи иҷроиши таронаҳост. Дар Тоҷикистон мухлисони Глюкоза аз ҳисоби наврасону ҷавонон бешуморанд. Ҳаводорони тоҷики Глюкоза пеш аз ҳама ба овози ғайриоддӣ ва матнҳои шӯху рақсии таронаҳояш дил бохтаанд. Макони баргузории консерт, «Кохи Борбад», таърихи рӯз 30 июн ва соати баргузорӣ 14.00.

Ахиран, студияи сабти овози «Азия рекордс» маҷмӯи таронаҳои нави овозхонони тоҷикро зери унвони «Навои рангоранг» нашр намуд. Дар ин фитта, таронаҳои Доктор Эмфер, гурӯҳи «Эҳсон», Баҳром Ғафурӣ, Иззат Шарифӣ, ҷамъулҷамъ сурудҳои 16 овозхон гирд оварда шудааст. Барои он ки ин фитта аз ҷониби қочоқчиён нусхабардорӣ нашавад, кормандони студия дар поини фитта чунин нигоштаанд: «Ба фиреб накун бовар, «подделка»-ҳоро нахар, нархи арзони пират, пушаймонат мекунад.»

Сӯҳроби Маҳмуд барои мухлисон як хушхабаре дорад:
«Чанд рӯз пеш албоми нави ман бо номи «Ишқи ман » дастраси мухлисонам гардид. Ман пайи ҳам кор карда истодаам ва боз ҳам сурудҳои тару тозаро барои мухлисонам пешкаш хоҳам кард.»

Албоми нави Сӯҳроб иборат аст аз 13 таронаи тоза, ки аксарияташ дар стили таронаҳои ҳиндӣ суруда шудаанд. «Ишқи ман» яке аз таронаҳои албоми ҷадиди Сӯҳроби Маҳмуд аст.

Пас аз ду соли танаффус гурӯҳи Фарзин тавонист албоми худро бо 17 тарона сабт бисозад. «Синамо» аст исми ин албом, чаро маҳз «Синамо» Ҳабиб Ҳакимов овозхони ин гурӯҳ шарҳ медиҳад:
«Барои ин ки зиндагии мо ҳамааш ин синамо аст. Дар тӯли панҷ соле, ки мо бо Фирӯз кор кардем, ҳамаи ин солҳо мисли синамо гузаштанд. Барои ҳамин ҳам, мо ба хулосае омадем, ки албоми нави худро «Синамо» номгузорӣ мекунем. Дар ин албом ҳар як суруд мисли эпизодҳои синамо мегузарад.»
XS
SM
MD
LG