Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони тоҷикӣ биомӯзед! Дар шабакаи интернет


Ин ҳарфҳо яке аз пайғомҳоест, ки дар гӯшаи "Меҳмонхона"-и нахустин саҳифаи интернетии таълими забони тоҷикӣ гузошта шудааст.

www.learntajik.com Нахустин саҳифаи интернетии омӯзиши онлайни забони тоҷикӣ. Ин саҳифа ҳамагӣ як моҳ қабл ба кор шурӯъ кардааст ва ҳанӯз бархе аз бахшҳои он фаъол нестанд. Ин саҳифаро Насруллоҳ Хоҷаёров, омӯзгори тоҷик, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, сохтааст. Созандаи он, Насруллоҳ Хоҷаёров дар як сӯҳбат бо www.ozodi.org гуфт, саҳифаи интернетии вижаи таълими забони тоҷикӣ ибтикори шахсии ӯст ва ӯ бо ҳадафи тарғиби забони тоҷикӣ ба ин кор даст задааст.

«Ман аз ин кор даромаде ба даст намеорам ва оварданӣ ҳам нестам. Ҳамаи дарсҳо ва маводи таълимии саҳифа ройгон хоҳад буд ва ягона мақсад - ин тарғиби забони тоҷикӣ мебошад.»

Ҳарчанд саҳифа ба таври комил ба фаъолият шурӯъ накардааст, вале аллакай чаҳор нафар амрикоӣ тариқи он забони тоҷикӣ меомӯхтаанд. Насруллоҳ Хоҷаёров ҳоло дар донишгоҳи Индианаи шаҳри Блумингтони Иёлати Муттаҳида (Indiana University Bloomington) сари як дастури забони тоҷикӣ барои хориҷиён кор мебарад. Ӯ мегӯяд, айни ҳол се қисми ин дастур омода аст. Ва ӯ дар назар дорад, ин дастурро низ дар саҳифаи худ ҷо бидиҳад. Аз ҷумлаи дигар навгониҳои www.learntajik.com ин қомуси гӯё - яъне луғати аудиоии тоҷикӣ - англисӣ - форсӣ хоҳад буд.

«Ман бо мадади радиои «Ватан» 35 000 калимаи тоҷикиро сабт кардаам. Матни луғат ва барномаи он омода аст ва ман ҳоло мунтазири варианти cадоии луғат ҳастам. Дар назар аст, ки кормандони радиои «Ватан» дар рӯзҳои наздик онро ба ман ирсол намоянд.»

Насруллоҳ Хоҷаёров, ҳамчунин киборд ва ё клавиатураи дорои ҳуруфи тоҷикиро дар саҳифааш ҷо додааст ва истифода аз он ҳангоми навиштан дар сайт имконпазир аст. Насруллоҳ Хоҷаёров тобистони соли 2003 ба Амрико бо ҳадафи таълифи дастури забони тоҷикӣ барои хориҷиён сафар кардааст. Он ҷо барномасозиро аз худ мекунад ва ин саҳифаро месозад. Насруллоҳ Хоҷаёров қабл аз сафар ба Амрико идораи кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва сарварии факултаи байналмилалии ин донишгоҳро бар дӯш дошт.
XS
SM
MD
LG