Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вазири ҳолоти изтирории Русия


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сергей Шойгу, вазири умури изтирории Русия, ки раиси кумиссиюни муштараки иқтисодии ду кишвар низ мебошад, дар мулоқоти имрӯзи худ масъалаи иҷро шудани тавофуқномаҳои то кунун баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Русияро дар заминаҳои иқтисодӣ ва саноатӣ баррасӣ карданд. Сергей Шойгу баъди ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, дар сӯҳбати ӯ бо Эмомалӣ Раҳмонов иҷрои ин қарордодҳо ва инчунин ҳамкорӣ дар заминаҳои нирӯи барқ ва саноатӣ баррасӣ шуданд.

Сергей Шойгу ҳамчунин ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро рӯ ба афзоиш номид ва гуфт, мизони табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли равон сад дарсад назар ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон аз каме коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Русия дар дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ хабар дода мегӯяд, содироту воридот байни ду кишвар дар ин давра 119 миллион долларро ташкил додааст.

Сергей Шойгу ҳамчунин гуфт, Русия ба идомаи барномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар заминаи гидроэнержӣ бо ҷиддият амал хоҳад кард. Ҷаноби Шойгу ҳамчунин гуфт, Русия ба осебдидагони обхезиҳои чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон як барномаи кӯмакрасониро рӯи даст гирифтааст.
Имрӯз дар Душанбе бо ширкати оқои Шойгу иҷлоси ҳаштуми кумисиюни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русия низ оғоз ёфт. Сергей Шойгу раҳбарии ҷониби Русияро дар ин кумисиюни муштарак бар ӯҳда дорад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG