Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонони тоҷик


Гардонандаи мизи гирд Ҳумойюни Шаҳриёр 27 июни соли 1997 пас аз гуфтушунидҳои дурудароз миёни ҳукумати вақти Тоҷикистон ва иттиҳоди мухолифин созишномаи сулҳ ба имзо расид. Созишномае, ки ба ҳафт соли ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт. Ҷанги шаҳрвандие, ки мувофиқи баъзе омор ҷони беш аз шаст ҳазор нафарро рабуд, даҳҳо ҳазор занро бешавҳар ва даҳҳо ҳазор тифлро ятим гузошт.

Барномаи «Ояндасоз» -и бахши тоҷикии радиои Озодӣ гирди як миз чанд ҷавонро ҷамъ овард. Ҷавононе, ки дар рӯзҳои ҷанг 12 - 13 сол доштанд, аммо қаҳтӣ ва чеҳраҳои ҳузнбори калонсолонро ёд доранд. Ва ҷавононе, ки дар айёми ҷанг 17 - 19 сол доштанд, донишҷӯ буданд ва қариб ҳар субҳ зери садои тир ба донишгоҳ мешитофтанд. Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло ва Дилбар Исматова ширкатдорони мизи гирди навбатии «Ояндасоз» ҳастанд.

Аз онҳо пурсида шуд, ки аз он айёми хатарноки донишҷӯӣ ва овони на фараҳбахши наврасиву ҷавонӣ чӣ хотироте дар зеҳнашон боқӣ мондааст? Пурсида шуд, ки бо шунидани хабари имзои созишномаи сулҳ чӣ эҳсосот доштанд? Пурсида шуд, ки ин сулҳ дар ҳаёти ҷавонон чӣ нақше дошт ва ҳам чӣ тағйироте ворид сохт? Ва шояд ин ҳаводис баъзе ҷунбишҳоро дар ҳаёти насли ҳолӣ кунд кард? Ба мисли тарс аз таҳаввулоти сиёсӣ ва набуди таваҷҷӯҳ ба ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоии кишвар. Дар ин мизи гирд ҷавонони дигари тоҷик низ ғайримустақим ширкат доштанд. Андешаҳои ҷавонон оид ба арзиши сулҳ ва ҳам ризоият ё адами ризоияти онҳо аз ҳаёти хешро дар кӯчаҳои Душанбе ҳамкоронам Зарангези Наврӯзшоҳ ва Шаҳлои Гулхоҷа гирд оварданд.

Барои шунидани ин мизи гирд ҳамин ҷумла ва ё рамзи радиоро дар паҳлӯи сарлавҳа зер бикунед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG