Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Суғд ба муҳокимаи парвандаи Ҷумъабой Толибов шурӯъ мекунад


Мақомоти додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, парвандаи Ҷумъабой Толибов, мудири шӯъбаи маъмурӣ ва ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва хабарнигор дар наздиктарин рӯзҳо мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор хоҳад гирифт. Саломат Ҳакимова, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 24 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷониби додситонии Суғд алайҳи Ҷумъабой Толибов ба сифати корманди ҳукумати Айнӣ мутобиқи се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон - сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ, авбошӣ ва нақзи шарти дахлнопазирии манзил айбнома пешниҳод шудааст. Тибқи тафтиши додситонии Суғд, гӯё чунин қонуншиканиҳо аз ҷониби вай нисбат ба чанд сокини ин маҳал сурат гирифтааст.

Вале Майсара Фохирова, вакили дифоъи Ҷумъабой Толибов, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ боздошт ва ба маҳкама кашида шудани нафари таҳти ҳимояташро дорои ангезаи сиёсӣ ва пайомади мақолаҳои танқидии вай дар бораи фаъолияти додситони ноҳияи Айнӣ арзёбӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, қазияи Ҷумъабой Толибов дар маҳофили вилояти Суғд сарусадоҳои мухталифро ба бор овардааст. Қисмати умдаи хабарнигорони маҳаллӣ боздошти ӯро ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва интиқодаш аз мақомоти додситонии Айнӣ бастагӣ медиҳанд. Тилав Расулзода, хабарнигори мустақил мегӯяд: «Ба назари ман, агар Ҷумъабой Толибов дар бораи фаъолияти додситонӣ, ки як мақомоти пурқудрати кишвар аст, на силсилаи мақолаҳои интиқодӣ, балки мақолоти ситоишӣ менавишт, ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ боздошт намекарданд ва алаӣҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳам боз намекарданд.»

Аммо бархе дигар аз коршиносон ва хабарнигорони Суғд бар онанд, ки боздошти Ҷумъабой Толибов дар заминаи фаъолияти вай ба ҳайси як соҳибмақоми ҳукумати маҳаллӣ сурат гирифтааст ва бо фаъолияти хабарнигориаш иртиботи мустақим надорад. Коршинос Ҷӯра Юсуфӣ: «Дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир як падидаи аҷиб ба назар мерасад. Баъзе аз журналистон чун сари мансаб ва қудрат мерасанд, ин ҳолат фаъолияти хабарнигории онҳоро то дараҷае побанди қоидаву қонунҳои навиштаву нонавиштаи мансабдориашон мегардонад. Дар мавриди Ҷумъабой Толибов бошад, то ҳол ман гуфта наметавонам, ки оё вай барои чопи мақолаҳои танқидиаш дар бораи додситони ноҳияи Айнӣ боздошт шудааст ва ё барои сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ. Умед дорам, баррасии додгоҳ одилона «мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.»

Ҷумъабой Толибов, мудири шуъбаи маъмурӣ ва ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ ва узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз охири моҳи апрел дар боздоштгоҳи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Айнӣ қарор дорад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG