Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳҳои Тоҷикистон соҳиби компютер шуданд


Дар чаҳорчӯби як барномаи кӯмак барои таҷдиди низоми додгоҳии Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳида ба Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи қариб 90 ҳазор доллар компутару лавозимоти коргоҳии муосир, захоири маъмурӣ барои таҷҳизоти нав, инчунин маъхази дорои маълумот дар бораи қавонини кишвар тақдим намуд. Алмос Сайфуддинов, сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, ҳамзамон, тибқи ин барнома барои додрасҳо, кормандони маъмурӣ ва мутахассисони компутар, ки дар додгоҳ кор мекунанд, давраҳои тадрисӣ доир шудааст.

Светлана Наторина, раҳбари дастгоҳи Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон гуфт, низоми нави додгоҳии муҷаҳҳаз бо фанновариҳои муосир ба баррасии шаффофтару сареътари парвандаҳо мусоидат мекунад. Хонум Наторина гуфт, қаблан бар асари набуди компутар баррасии ҳатто оддитарин парвандаҳо то дер идома мекард. Раҳбари дастгоҳи Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ин ниҳод то ҳанӯз ба шабакаи Интернет васл нашудааст. Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон акнун азм дорад, намунаи корҳои худро дар як маъхази тозатаъсиси маълумот ворид ва барои ҳамтоёни хориҷии худ пешниҳод созад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG