Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии навбатии Акбари Раҳмон - теннисбози навраси тоҷик


Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик субҳи чоршанбеи 22 июн ба Русия сафар кард. Бино ба иттилои Ғайрат Неъматов, мураббии тими Тоҷикистон, мусобиқоти варзишгарони наврас аз 24 то 26 июн дар шаҳри Тула баргузор мешавад. Шарафи Тоҷикистонро дар ин бозиҳо давандаҳои ҷавони ин кишвар, ба мисли Сотиболдӣ Ҳаитов, Александр Базаев, Фирдавс Азизов, Мавҷуда Ҳайдаралиева, Влада Овчаренко, Олга Герасимова, гурзандозон Муҳаммадрасул Ҳалимов ва Галина Шарифова ҳимоя хоҳанд кард.
Ҳамзамон, гуштигирони ҷавони тоҷик Ҳотам Ашӯров, Саидраҳмон Беков, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов,Дилшод Сангов, Фарҳод Раҳимов ва Ҷамшед Халилов дар шаҳри Дмитрови вилояти Маскав дар мусобиқаи гуштии дзюдо тибқи барномаи ин бозиҳо, ки аз 23 то 26 июн идома хоҳад кард, ширкат меварзанд. Дар ин бора Носир Бозоров, сармураббии тими мунтахаби дзюдои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ва як хабар барои ҳаводорони теннис. Акбари Раҳмон, теннисбози навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Адлери Русия баргузор шуд, дар рақобатҳо миёни ҳамсолони худ мақоми аввалро ишғол кард. Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин варзишгари навраси тоҷик дар айни ҳол дар Академияи тенниси Русия таҳсил ва тамрин мекунад. Акбари Раҳмон дар рейтинг ва ё раддабандии зӯртарин теннисбозони Русия миёни варзишгарони синнашон то 12-сола мақоми дуввумро ишғол менамояд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG