Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабҳои Тоҷикистон дар шабакаи Интернет


«Интернет барои рушди маориф» ин исми барномаи ҷадидест, ки ахиран тарҳрезии он аз ҷониби бунёди ҷамъиятии ибтикори шаҳрвандӣ, институти ҷамъияти кушода, вазорати маорифи Тоҷикистон ва чанд созмони дигар барои солҳои 2005 - 2007 анҷом ёфт. Тибқи ин барнома, беш аз 80 мактаби миёна ва 30 мактаби олии Тоҷикистон ба интернет пайваст мегарданд. Барномаи «Интернет барои рушд» ба мактаббачагон имкон медиҳад, ки ройгон аз интернет истифода баранд. Ва аммо то имрӯз аксари макотиби миёна ба интернет дастрасӣ надоштанд. Танҳо дар донишгоҳҳо ба ҳисоб чанд компютер ба Интернет пайваст буду халос. Ва ҳол он ки иртибот ба интернет такони азиме хоҳад буд ба рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон, мегӯяд Асомиддин Атоев, раҳбари бунёди ҷамъиятии ибтикори шаҳрвандӣ.

Баъд аз таъмини макотиб бо интернет қадами дигари барномаи «Интернет барои рушд» - ин сохтани сайтҳои омӯзишӣ ва дар ин сайтҳо гузоштани маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ будааст. Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, имрӯз аксари шогирдони макотиби деҳот бинобар надонистани забонҳои англисиву русӣ дар истифодаи маводи интернетӣ ва аксари барномаҳои компютерӣ мушкилӣ мекашанд. Ва зарурати таҳияи маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ низ аз ҳамин лиҳоз пайдо шудааст. Асомиддин Атоев мегӯяд:

«Мақсади мо ҷой додани чунин китобҳо ва маводи гуногуни олимону муаллимони тоҷик аст, то ин ки дигар ҳамкасбҳои онҳо низ аз ин мавод истифода бурда дар рафти дарс ва фаъолияти худ беҳтар гардонанд ин матлабро ва баъди оне, ки мавод ба дигарон ҳам писанд омад ба чоп дода мешавад»

Барномаи «Интернет барои рушд» ҳамчунин боз намудани саҳифаи интернетӣ барои ҳар як мактаби оливу миёнаро низ дар назар дорад. Аммо барои амалӣ намудани ҳамаи ин иқдом дар таълимгоҳҳо як мушкилӣ аст, бархи зиёди хонандагону донишҷуён то ҳол аз интернет истифода бурда наметавонанд, ва ҳатто аксари омӯзгорони фанни компютер низ ба хуби бо интернет кор карда наметавонанд мегӯяд, ҳамоҳангсози барномаи мазкур Талъат Нуъмонов:

«Бо муаллимони ин фан мо як семинар гузаронида будем, тайёрии муаллимон ба истифодаабарии компютер хуб аст, аммо маълум шуд, ки на ҳамаи муаллимон метавонанд аз шабакаи интернет истифода баранд, чунки барои барои истифодаи интернет маблағ лозим аст, аммо муалиимон ин имкониятро надоштанд»

Аз ин рӯ, барои пиёда намудани барномаи «Интернет барои рушди соҳаи маориф» пеш аз ҳама доир намудани давраҳои тадрибӣ барои омӯзгорон дар назар аст. Ин давраҳо аз моҳи июл шурӯъ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG