Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон то 2 500 паноҳанда доштааст


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 2 500 нафар паноҳандаро ҷой додааст, ки аксари онҳо шаҳрвандаони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд. Франсиско Галиндо Велез, раиси дафтари намояндагии Кумисариёи олии паноҳандагони СММ дар Тоҷикистон бо овардани ин омор дар рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон гуфт: "Тибқи барномаи махсусе, ки ҷиҳати фиристодани ин паноҳандагон ба кишвари саввум рӯи даст дорем, то кунун 1 400 нафар аз паноҳандагонро ба кишвари Канада фиристодаем. Агар тибқи ин барнома амал шавад, то поёни сол шояд ҳудуди 1 000 ё 1 100 нафар паноҳанда дар Тоҷикистон боқӣ бимонад."

Ба гуфтаи Франсиско Галиндо, раванди вуруди паноҳандагон ба Тоҷикистон ҳамчунон мушоҳида мешавад. Дар соли гузашта аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, 100 нафар паноҳанда вориди Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи намояндаи умури паноҳандагони СММ дар Тоҷикистон, паноҳандагони собиқи тоҷик, ки бар асари ҷанги дохилӣ паноҳанда шудаанд, аслан ба ватан баргаштаанд. Шояд ба далоиле аз ҷумла хонадоршавӣ нафароне дар хориҷ боқӣ монда бошанд, мегӯяд ӯ, вале умдатан ин паноҳандагони ҷанги дохилӣ бидуни мушкили умда баргаштанд ва тоҷиконе, ки акнун ба берун аз Тоҷикистон мераванд, умдатан далели иқтисодӣ доранд ва намешавад онҳоро панҳанда гуфт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG