Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нави НАНСМИТ дар бораи нақзи ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик


Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё худ НАНСМИТ дар гузориши наваш мегӯяд, дар моҳи май дар кишвар 20 мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон мушоҳида шудааст, ки 8 мавридаш ба нақзи ошкори ҳуқуқи хабарнигорон ва ду мавриди дигараш ба таъқибу боздошти хабарнигорон аз сӯи мақомот марбут будааст.
Мавридҳои бақия марбут мешаванд ба мавонеъе, ки мақомоти расмӣ дар роҳи дастрасии расонаҳо ва хабарнигорон ба манобеъи хабарӣ эҷод кардаанд.

Дар ин гузориш ду мурофиаи бозшудаи додгоҳӣ алайҳи расонаҳои мустақил зикр шудааст, ки яке даъвои раиси Фарҳангистони улум Улмас Мирсаидов бо ҳафтаномаи "Тоҷикистон" барои нашри матлабе бо номи "Мирсаидов Сахаров нест" ва дуввумӣ даъвои ширкати мавсум ба "Май" бо нашрияи мустақили "Зиндагӣ" будааст.

Аммо умдатарин мавориди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва поймол кардани озодии баён дар моҳи май, бино ба гузориши нави Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мӯҳр задани пулиси молиёти кишвар ба дари ҳарду студияи пахши барномаҳои шабакаи мустақили телевизионии "Сомониён", ба як соли кори иҷборӣ маҳкум шудани муовини собиқи нашрияи азчопбозмондаи "Нирӯи Сухан" Ваҳҳоби Латиф барои чопи матлабе бо номи "Раҳмонов кай Путин мешавад?" ва боздошти Ҷумъабой Толибов дар ноҳияи Айнӣ будааст. Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар гузоришаш менависад, боздошти Ҷумъабой Толибов ба думболи нашри чанд матлаби вай дар бораи фаъолияти додситони ноҳияи Айнӣ Собит Аъзамов сурат гирифтааст.

Гузориши НАНСМИТ эҷоди мавонеъ дар роҳи дастрасӣ ба ахбори расмиро ҳамчунон умдатарин мушкили истода дар пеши матбуоти тоҷик номида, муқаррароти Қонуни Асосӣ ва қонуни матбуоти кишварро ёдоварӣ мекунад, ки озодии баёну матбуот ва ҳаққи истифода аз ҳар навъ ахбори расмӣ ба истиснои ахбори ҳомили асрори давлатиро ҳаққи қонунии расонаҳо ва хабарнигорон дониста, эҷоди мавонеъ дар роҳи дарёфти ахборро амали ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG