Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми футболи Тоҷикистонро кӣ хоҳад бурд?


Дастаҳои футболи «Регар - ТадАЗ»-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ,ЦСКА-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои ширкат дар бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон -2005 роҳ ёфтанд. «Регар-ТадАЗ» дар бозии ҷавобии даври чаҳорякниҳоӣ дар меҳмонӣ бар тими «Фархор»-и Фархор бо ҳисоби 5 бар 2 ғолиб омад ва аз рӯи натоиҷи ду дидор ҳисоби умумӣ 16 бар 2 ба нафъи қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд. «Вахш» дар бозии ҷавобӣ низ дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон тими мизбон - «ХИМА»-и Душанберо бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард ва натиҷаи ду дидор - 3 бар 1 - имкон дод, ки бозингарони шаҳри Қӯрғонтеппа ба марҳилаи ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёбанд. ЦСКА - тими Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дуввумин дидори худ дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими «Парвоз» - барандаи ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2004 - бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби сифр бар сифр анҷом ёфта буд. Соҳиби роҳхати чаҳорум ба марҳилаи севвуми мусобиқот дар рақобати байни «Хуҷанд» ва СКА «Помир»-и Душанбе муайян шуд. «Хуҷанд», ки ба дарвозаи тими меҳмон се голи беҷавоб зад, муборизаро барои дарёфти ҷоми футболи ин кишвар идома хоҳад дод, чунки бозии якуми ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расида буд. Ва ба ин тартиб, дар бозиҳои нимниҳоии ҷоми Тоҷикистон - 2005, ки моҳи сентябр баргузор мешаванд, «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» ва «Вахш» бо ЦСКА зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG