Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи интернети Осиёи Марказиро дар Амстердам баррасӣ карданд


Вазъи расонаҳои хабарии интернетии Осиёи Марказӣ дар саввумин конфронси байналмилалии «Кафолати озодии расонаҳои хабарӣ дар Интернет» дар Амстердам баррасӣ шуд. Кристиан Меллер - масъули барномаи озодии расонаҳои хабарии дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Амстердам ва мубтакири конфронси мазкур дар сӯҳбат бо www.ozodi.org гуфт, ҳудуди осиёвии собиқ Шуравӣ аз нигоҳи дастрасӣ ва истифода аз фанновариҳои муосир рушдкарда маҳсуб намегардад ва кишварҳои ин минтақа дар дарёфти ҳалли мушкилот ва тарҳрезии як роҳи вижаи худ дар самти матбуоти интернетӣ ба мадад ва дастгирӣ ниёз доранд.
Ҷаноби Меллер гуфт, дар конфронси мазбур ҳамроҳ бо коршиносоне, ки аз минтақа даъват шудаанд, вазъи озодии матбуот дар интернет дар Осиёи Марказӣ, ниёзҳо, монеъаҳо ва роҳҳои дастрасии бештар ба шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Аз Тоҷикистон дар конфронси мазкур, Ҷаъфар Осимов - раҳбари веб - студияи «Кафтар» ширкат дошт.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG