Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои нав дар мавзӯъи худшиносӣ (Бахши 3)


Аввал мусулмонем ва ё аввал тоҷик? Ягон мавзӯъ дар барномаи Ҳамнафас ингуна номаҳои зиёдро ба думбол надошт. Аз рӯзи нашри аввали он 10 рӯз мегузарад, вале то ҳоло нома паси нома меояд. Албатта, чоп шудани номаҳо дар ин саҳифа низ яке аз сабабҳои густариши домони баҳс аст. Шояд фурсати он расидааст, ки дар шабакаи интерет "Форуми ҳамнафасон" таъсис дода шавад?

Ман ҳам фикр мекунам, тарзи гузоштани савол мантиқӣ ва дуруст нест. Тоҷик будан миллияти мост ва ислом дини мо. Беҳтар буд, агар савол мегузоштед, ки "шумо аввал кӯлобӣ, данғарагӣ, хуҷандӣ, ғармӣ, ҳисорӣ ҳастед ва ё аввал тоҷик?" Яъне гуфтаниям, ки мафҳумҳоеро, ки аз соҳаҳои гуногун ҳастанд, намешавад бо ҳам муқоиса кард. Аммо баҳс кардани ин ду ҳуввият, ба ҳар ҳол хуб аст, зеро бисёр масъалаҳои дигарро мекушояд.
Саломат бошед.
Наҷмиддин.

Радиои Озодӣ, салом!
Аслан мо на тоҷики асил ва на мусулмони комилем!
Аммо вақте сухан пиромуни "нахуст тоҷикем ё мусулмон" меравад, ҷавоби ман чунин хоҳад буд: Мо нахуст тоҷик, баъд мусулмонем. Моҳияти ҷавоб ин нест, ки шахсан ман аз мусулмон будани худ норизо бошам. Не. Чун мехоҳем, ки асли худу мавҷудияти худро ёфта бошем, бояд донем, ки мо аз аввал тоҷик будем ва ҳанӯз ҳам тоҷикем. Тоҷике, ки бо зӯри шамшери араб аз оташпарастӣ ба ислом рӯй овардааст. Агар не, ин ҳама таърихи кӯҳан гуфтану ҷилд-ҷилд китоби "Тоҷикон" навиштани шодравон Ғафуров, "Тоҷикон дар оинаи таърих" навиштани Президенти Тоҷикистон ҷаноби Раҳмонов чӣ маъно дорад? Воқеан замоне гап дар бораи Авасто ё Зардушт ё Борбад равад, ифтихори миллиамон боло мегирад. Аз чунин аҷдод доштани худ фахр мекунем. Аммо чун гап сари мусулмонии тоҷикон меравад, афсӯс мехӯрем, ки мо ҳамранги Зардушту Борбаду Ҷамшед ниёкон доштаем. Мо бояд кӯшиш кунем, ки аввал тоҷик бошем, вагарна аз ин мондаву аз он ронда хоҳем шуд. Дигар ҳеҷ.
Гуразми Тоҷикфар, Хуҷанд.

Акаи Салими Аюбзод!
Ин баҳсе ки барномаи шумо сар кардааст, як кори беҳосилу бенатиҷа аст ва танҳо хатари инро дорад, ки касони тангназар шуморо ба ҷудоиандозӣ айбдор кунанд. Агар онҳо ҳамин хел гӯянд ва ҷавононе ки хидматҳои шуморо ба ватану миллат намедонанд, мумкин аст, ба ин гапҳо бовар кунанд. Беҳосилии баҳс дар ин аст, ки он саволи мурғу тухм ба хотир меорад. Кадоме пештар буд: Оё аввал мурғ тухмро ба вуҷуд овард ва ё аз тухм мурғ ба дунё омад? Тоҷикият ва мусулмонӣ садҳо сол ҳар кадом ба роҳи худ мераванд ва ба ҳамдигар халал намерасонанд.
Узр, агар нораво гуфтам.
Зебуннисо ва ё Зебӣ, ш. Душанбе.

Ассалому алейкум.
Мо аввалтар аз ҳама мусулмонем, зеро ин чиз моро ба миллионҳо мусулмони ҷаҳон пайваст мекунад ва мо худро бахше аз олами ислом ҳис мекунем. Ва ин олам моро ҳамчун мусулмон ба канори худ мегирад. Ояндаи мо дар ҳамин олам аст, на дар ғарбгароӣ. Биноан рӯҳияи исломӣ дар мардум бояд ба маротиб қавитар гардад.
М.М., Қоҳира.

Дар яке аз номаҳои шумо навишта шудааст, ки агар ислом намешуд, мо то ҳанӯз оташро мепарастидем ва духтарони навзоди худро мегӯрондем. Ин кас мегӯяд, ки ҳамаи чизи хубро аз ислом омӯхт ва дар бораи оташпарастӣ як гуна бо пастназарӣ навиштааст. Ҳол он ки дини ниёгони мо -- зардуштия чунин шиор дошт, ки пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек. Сониян, на мо духтарони навзоди худро мегӯрондем, балки арабҳо то қабули ислом. Ин кас ҳатто дини худро хуб намедонад, аммо даъво мекунад, ки аввал мусулмон аст, баъд тоҷик. Ба фикрам, мо ҳама бояд аввал хуб бидонем, ки ислом чист ва миллат чист.
Бо эҳтиром,
Муҳаммадрозиқ.

Барои хондани номаҳои пешина калимаи "Бойгонӣ"-ро фишор диҳед.
XS
SM
MD
LG