Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноқаноатмандии Тоҷикистон аз сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкӣ


Муродалӣ Алимардонов - раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахши бонкии кишварро нокофӣ арзёбӣ кард. Муродалӣ Алимардонов, ки аз натоиҷи ҳамойиши байналмилалии таҳти унвони «Мушкилот ва рушди низоми бонкдорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, то кунун ба бахши бонкии Тоҷикистон ҳудуди понздаҳ миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст, ки ин рақам ночиз аст:

"Ин маблағ албатта моро қонеъ намекунад. Ба ҳамин хотир мо мехоҳем, ки бештар ба кишвар сармоя ворид шавад, чунки иқтисодиёти мо ба ин гуна маблағҳо ниёз дорад. Иқтисодиёти мо рушд мекунад, баъдан минтақа ҳам ба маҳсулоте, ки мо истеҳсол мекунем, ниёз дорад."

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта ягона бонке, ки бо сармояи хориҷӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, ба ироаи вомҳои кӯчак ба бахши хусусӣ машғул аст. Ҳамчунин як бонки муштарак бо Баҳрайн дар Душанбе оғоз ба фаъолият кардааст, ки бештар ба бахши тиҷорати миёна ва кӯчак маблағгузорӣ мекунад. Оқои Алимардонов дар робита ба ифтитоҳи қарибулвуқӯи намояндагиии бонки мавсум ба "Ҳабиб"- и Покистон гуфт, ки музокирот дар ин замина ҷараён дорад. Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, қавонини бонкдорӣ дар соли оянда таҷдиди назар шуда, ҳамагуна мавонеъи ҳуқуқӣ дар самти ҳамкорӣ бо бонкҳои хориҷӣ аз байн бурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG