Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи умеди тифлону наврасони бесаробон


Саиданиссои 14-сола падару модари худро ёд надорад, танҳо ҳаминро медонад, ки дар синни 4-солагӣ, ҳангоме ки зиндагии фақирона доштанд, волидонаш ӯро ба зане супурда, ба Маскав рафтаанд. Аммо Саиданиссо тӯли ин солҳо аз навозишҳои модарона ва меҳрубониҳои падар маҳрум нест. Волидайни худро имрӯз дар симои оилае мебинад, ки ӯро ба тарбия гирифта, чун фарзанди худ ба воя расонидаанд.
Нуриниссо Сиддиқова агарчӣ худаш се фарзанд дорад, аммо бар иловаи Саиданиссо боз 6 нафари дигар наврасу тифлони мӯҳтоҷро ба фарзандӣ қабул кардааст.

Хонум Нуриниссо мегӯяд:
«Баъзеашон падар надоранд, дигарро падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд, модарашон дигар шавҳар кардааст, кӯдакҳо дар нимароҳи ҳаёт ҳайрону саргардон мондаанд. Ман, ки аз хурдсолӣ аз модар ҷудо шуда будам, медонам, ки бемодарӣ чӣ хел сахт аст. Барои ҳамин хостам, ки ба воситаи ҳаминҳо аҳли оилаамро пурра созаму ҳамчун модари серфарзанд бошам.»

Бону Нуриниссо мегӯяд, ҳамаи онҳоро чун фарзандони худ дӯст медорад ва намегузорад, ки дар оилаи ӯ ин 7 нафар худро бегона ҳис кунанд. Ин оила талош дорад, то ҳамаи фарзандхонҳои худро соҳибмаълумот гардонад. Фарзанди бузурги онҳо, Шамсиддин дар яке аз созмонҳои бонуфузи хориҷӣ кор мекунад ва дар таъминоти рӯзгор ба волидайни хеш кӯмак мерасонад. Фарзанди хурдии онҳо, Саиданиссо дар синфи 6 мехонад. Саиданиссо мегӯяд, дигар агар волидони ҳақиқиаш ба суроғаш оянд ҳам, ҳаргиз дигар розӣ намешавад, ки аз ин оила дур бишавад:
«Ин хонаи худамон аст, ранги духтари ҳамин хона, апаву хоҳар баринем».

Хонум Нуриниссо дар қатори фарзандхонҳои тоҷикаш ҳамчунин як навраси ӯзбак ва қирғизро низ тарбия мекунад. Аз ин зани серфарзанд мепурсам, ки тарбияву нигоҳубини ин ҳама фарзандон барояш мушкил нест?

Ӯ гуфт: «Ман зиёда аз 25 сол аст, ки сарвари яке аз корхонаҳои дӯзандагӣ ҳастам, албатта ҳамаи ин мушкилиҳо дорад, 3 фарзанди худам, 7 фарзандхонам, Худоро шукр, ба ҳамаи инҳо либос харидан даркор, хурду хӯрок, роҳкиро лозим. Лекин ҳар вақте ки аз кор меоям, ҳамаи ҳамин 10 фарзандам ба пешвозам баромада, биёед модарҷон, ана модарҷонам омаданд гуфта, ба пешвозам баромадани инҳо албатта ба ягон чиз баробар нест, ҳамаи мушкилиҳоро фаромӯш мекунам ҳамон лаҳза.»

Вақти ворид шудан ба манзили ин оилаи бузург чашмам ба навиштаҷоте дар девор афтид ва маълум гашт, ки ин реҷаи рӯзи фарзандони ин оила будааст. Дар рӯйхат корҳои хона байни фарзандон тақсим шудааст. Хонум Нуриниссо мегӯяд, дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ тарбия намудани ҳамаи фарзандонашро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Фирӯза - фарзанди худи хонум Нуриниссо мегӯяд, аз ин кори волидонаш ифтихор дорад, зеро ба фарқ аз дигарон ӯ бародару хоҳарони зиёд дорад: «Ҳатто аз апаву хоҳари аслӣ дида, мо бисёртар ба ҳам меҳр дорем, ба фикрам бисёр апаву хоҳарони ҳақиқӣ мисли мо муносибат надоранд.»

"Фарзанди кас фарзандӣ намекунад" - хонум Нуриниссо ин ҳарфҳоро аз ҷониби атрофиён зуд - зуд мешунавад, аммо бар ивази тарбияи ҳамаи ин наврасон ӯ аз онҳо ҳеҷ чиз талаб надорад. Танҳо як бор модарҷон гуфтани онҳо бароям кофӣ аст, мегӯяд Нуриниссо Сиддиқова:

«Вақте, ки як кӯдака мегирӣ калон мекунӣ, барои вай тарбияи нағз медиҳӣ, ҳеҷ кас надонад Худо медонад. Ҳозир навбати зангирии Шамсиддин, ҳамун фарзандхонеам, ки дар як созмони хориҷӣ кор мекунад. Келин мекунам, ҳаракат мекунам, ки ӯро соҳиби ақаллан ягон якхонагӣ кунам. Баъд вай хоҳ нигоҳ кунад ба ман хоҳ не.»

Имрӯз оилаҳое, ки дар баробари фарзандони худ боз тифлони дигарро ба фарзандӣ қабул мекунанд, ниҳоят каманд ва агар бошанд ҳам, танҳо як ё ду нафарро тарбият мекунанд. Аксари кӯдакони бесаробону мӯҳтоҷи меҳри модар дар мактаб - интернатҳои махсус ба воя мерасанд ва ё оворагардӣ мекунанд. Нуриниссо Сиддиқова орзу дорад, ки ҳама кӯдакони бесаробонро дар хонааш ҷамъ оварад, аммо афсӯс мехӯрад, ки ин имкониятро надорад.
XS
SM
MD
LG