Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои нав дар баҳси ҳуввият


Мо пеш аз ҳама мусулмон ва баъд тоҷик ҳастем. Барои ин шахсан ман 1000 бор шукр мекунам. Баъдан он инсонҳое ки мегӯянд, мо аввал тоҷикем, дини исломро хуб намедонанд. Агар ислом намешуд, мо то ҳол оташро мепарастидем, духтарҳои навзоди хешро зинда ба зинда мегӯрондем. Зану модар пеш аз омадани ислом қадре надоштанд. Ҳазрати муҳаммад (с.а.с.) бо чи заҳматҳову азобҳо ин дини покро ба мо эҳдо кард, то ки аз азоби ду дунё дур бошем. Шахсан ман одобу тарбияро, тозагиву хушмуомилагиро, рафтору гуфтор, ҳурмати калонсолонро маҳз аз ислом омӯхтам. Хулоса, агар ислом намебуд, мо ҳама ҷоҳил мемондем ва ҳаргиз дар байни мо тинҷиву оромӣ намешуд.
Бо эҳтиром Ҷовидон Бобоев.

Фарз кардем, як ҳаммиллати фикр кард, ки аз тариқи дини буддоӣ беҳтар метавонад, худои бузургро дарёбад ва ё ба ҷустуҷӯи худо барояд. Чи магар вай баъди ин дигар тоҷик намебошад? Оё бо дигар кардани дини худ кас миллати худро низ дигар мекунад? Албатта, бо гуфтани ман зинҳоро хаёл надорам, ки исломи азизи худро ба чизе иваз кунам. Аммо бо вуҷуди ҳиссиёти баландии динии худ мо бояд ба воқеъият бо чашми ҳақиқатбин нигарем. Ислом аз мулки араб бархостааст ва як рафиқи араби ман ба саволи ман, ки аз ин саҳифаи интернетӣ гирифта будам ва пурсидам, ту аввал мусулмон ҳастӣ ва ё аввал араб, ҷавоб дод, ки араб. Не, ман зидди ҳеҷ касу ҳеҷ чиз нестам, аммо бояд ҳақиқати ҳолро шинохт ва эътироф кард.
Абдурасул Сафоев, донишҷӯ.

Салом, кормандони радиои Озодӣ!
Ин тарзи суолгузорӣ хато аст, ки нахуст мо тоҷикем ё мусалмон. Агар аз нигоҳи таърих бигирем, дар навбати аввал мо тоҷикем, аммо аз диди дигар, байни тоҷикият ва мусалмонии мо фарқе нест. Як чизи дигар мусаллам аст, ки хоҳу нохоҳ мо ҳазору чорсад - ҳазору панҷсад сол аст, фарҳангу маданияти исломӣ дорем ва тамоми тору пуди мо ба ин чиз сахт марбуту махлут аст. Ҳамчунин мо аз пайвастан ба тамаддуни исломӣ бурд кардем на бохт. Зеро то ислом дар тамаддун ва фарҳанги мо, ориёиҳо, шахсиятҳои маъруфу ҷаҳоншумул ба истинои як-ду нафар (масалан, Борбади Марвазӣ) набуд. Аммо чун маданияти исломӣ дар ватани мо мустақар шуд, чи қадар ин миллат ба тамаддуни ҷаҳон шахсиятҳои ифтихориро эҳдо кард, ки аз маҳсули эҷодии онҳо натавонистем, мустафид шавем, ё ҳадди ақал онро дифоъ кунем. Дар мавриди дигар барои мо аз ислом дида дини дигаре наздик нест, зеро дар байни мардум маҳбубият дорад. Дар айни замон мо ҳам тоҷикем ва ҳам мусулмон ва ё ба ибораи дигар, тоҷики мусулмонем.
Дар паноҳи худо бошед.
Иршоди Интиқод, Душанбе

Аз коргардони барнома: Дӯстони арҷманд. Шояд номаҳои худро бо матнҳо нашршуда қиёс кардеду дарёфтед, ки баъзе ҷумлаҳои баъзе номаҳо дар ин ҷо чоп нашудаанд. Ин ягона таҳрирест, ки ҳар нома метавонад ба он рӯбарӯ шавад. Тибқи дастурамали радиои Озодӣ мо суханонеро, ки таҳқиромезанд, ба иззати нафси касе мерасанд ва ё таҳрикдиҳандаи бадбинию хусуматанд, нашр карда наметавонем. Вале дар айни ҳол шумо худ шоҳидед, ки ба мазмуни номаатон ягон навъ тағйире ворид намекунем ва ба ақидаи шумо эҳтиром дорем.
Илова мекунем, ки баҳси мо дар ин мавзӯъ идома мекунад.
Бо умеди дарёфти тафоҳум ва созиш дар ин баҳс
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG