Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Сорос: "Рафтори ҳукумати Қазоқистон ба ислоҳоти иқтисодии ин кишвар осеб мерасонад."


Ҷорҷ Сорос - поягузор ва раиси Бунёди Ҷомеаи Боз ва раҳбари Сандуқи Сорос дар Алмаато изҳор кард, ки ҳукумати Қазоқистон дар ин авохир аз фишор кор мегирад ва ин рафтори ҳукумат ба пиёдасозии имконоти иқтисодию ҷамъиятии кишвар халал ворид месозанд. Оқои Сорос афзуд, ки таҳаввулоти ахир дар Гурҷистон ва Украина ҳукумати Қазоқистонро асабӣ намуд ва ҳукумат ба чунин таҳаввулот бо коргирӣ аз фишор ҷавоб дод. Қонунҳои нав дар бораи бунёдгароӣ ва амнияти миллӣ, мунҳал кардани Ҳизби Интихоби Демократии Казокистон, бастани рӯзномаи мустақили «Республика» ва кӯшишҳо ҷиҳати халалдор кардани фаъолияти Сандуқи Сорос дар Қазоқистонро ҷаноби Сорос аз ҷумлаи чунин тадобири шадиди ҳукумат донист.

Атрофи ин интиқоди Ҷорҷ Сорос дар анҷумани байналмилалии тиҷоратӣ дар Алмаато, ки ду рӯз идома кард, баҳси тӯлоние сурат гирифт. Аз ҷумла Қосимҷомарт Тоқоев - вазири умури хориҷаи Қазоқистон қатъан ба ин нукта норозӣ будани хешро иброз дошта, гуфт, ки кишвараш дар масъалаи пиёдасозии равандҳои демократи гомҳои зиёде гузоштааст. Оқои Тоқоев чунин меҳисобад, ки Қазоқистон ба пешрафтҳое ноил шуда, ҳамеша сӯи демократия ҳаракат мекунад.

Дар анҷумани байналмилалии тиҷоратӣ, ки бори нахуст дар минтақа доир гардид, анқариб 600 нафар намояндагони тиҷоративу сиёсатмадорони кишварҳои гуногун ширкат доранд, барои аввалин бор аст, ки намояндагони мухолифин низ расман даъват шудаанд.

Жармахан Туякбой - раиси ҷунбиши «Барои Қазоқистони боадолат», ки яке аз сухангӯёни анҷуман буд, иброз дошт, кишвараш саросар олудаи фасод аст ва ин беморӣ ҳатто ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам сироят кардааст. Ба таъкиди оқои Туякбой ҳар сармоягузоре, ки ба кишвар меояд, медонад, ки бидуни пардохтани ришва дар ин ҷо кореро анҷом додан амри муҳол аст. Сарвари ҷунбиши «Барои Қазоқистони боадолат» бар он аст, ки кишвар на ба сӯи демократия пеш меравад, баръакс он аз равандҳои демократӣ дур мегардад.

Роҳи ягонаи раҳоӣ аз ин бӯҳронро оқои Туякбой дар тағйири системаи сиёсии кишвар мебинад. Сарвари мухолифини Қазоқистон мегӯяд, воқеияти имрӯза чунин аст, ки бидуни тағйири системаи сиёсӣ дар кишвар, бидуни дигар кардани ҳокимияте, ки алъон дар ин ҷо қарор дорад, ҳам дар фазои сармоягузорӣ ва ҳам дар озодии соҳибкорӣ беҳбудеро наметавон ба даст овард. Ин нуктаро Марта Брил Олкот - корманди Сандуқи Карнеги ҳам таъйид намуд. Вай фасодро мушкили асосие донист, ки ба рушди тиҷорати хурду миёна дар кишвар халал мерасонад. Ба таъкиди хонум Олкот маҳз норизоии соҳибкорони хурду миёна боиси сар задани рӯйдодҳои Ӯзбакистону Қирқизистон гардиданд.

Дар конфронси байналмилалии тиҷоратӣ, ки имрӯз хотима ёфт, ҳамчунин масоили истифодаи даромад аз захоири энержӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, лоиҳаҳои рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиё баррасӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG