Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаҳворабахшон - Фарҳанги издивоҷи ориёни аҳди қадим


Маросими мардумӣ дар байни ориётаборон, ба вежа тоҷикон хеле зиёд аст ва аммо дилчасптарин, қадимтарин, нодиртарин ва ширинтарин оин - маросими Гаҳворабахшон будааст, ки то ҳанӯз дар мавзеъи кӯҳманзари Тоҷикистон роиҷ аст ва то ҳанӯз атфолро дар аҳди лабан ё пистонбадаҳонӣ ба ҳам ақд мебанданд.

Хонандаи ин сутур мутаассуф, оҳанги ақдбандии ин тифлонро, ки бо гиряи ширинтар аз ҳама хандаҳои олам аз ҳузури худ дар оини Гаҳворабахшон гувоҳӣ медиҳанд, намешунавад. Аммо онро ҳатман аз сериоли родиоии мо бишнавед! Ин садои хурдсолтарин домод аст, ки шояд дар ҷаҳон назир надорад. Зеро Хуррами Файз,сокини 40 рӯзаи ноҳияи Данғара ҳанӯз худ намедонад, ки бо як каф дуо ва аҳди волидайн, бо русуми аждодӣ ӯро издивоҷ кардаанд ва ӯ метавонад шомили Китоби Рекордҳои Гиннес гардад.Мо сари мавзӯъи издивоҷи ориёӣ ва ё вижагиҳои никоҳи атфоли хеле кӯчак дар маросими Гаҳворабахшон дар гузоришҳои баъдӣ сухан хоҳем гуфт ва аммо ҳамакнун рӯ меорем ба собиқаи таърихии ин оин.

ГАҲВОРАБАХШОН ЧИСТ?

Гаҳворабахшон чи оинест, аз куҷо маншаъ мегирад, роҳӣ ба куҷост ва бо Ислом чи рабт дорад? Бозор Муродов -сарвари осорхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара бар назар аст, ки маросими Гаҳворабахшон аз даврони ахири асри биринҷ маншаъ мегирад, ки дар он даврон полигамия, яъне никоҳҳои гурӯҳӣ роиҷ будаанд. Ба иттилоъи никоҳшиносон, дар аҳди қадим 4 намуди никоҳ мушоҳида шудааст: индогамия, экзогамия, полигамия ва моногамия. Полигамия никоҳи гурӯҳист, ки дар даврони имперотурии Ҳайтолиён маъруф буд ва усулан дар он даврон як зан чанд шавҳар мекард. Бонувон барои ҳар шавҳаре, ки доштанд, сари худ як кокулак изофа мекардаанд. Мусоҳиби ман бар назар аст, ки маросими Гаҳворабахшон, ки баъдан то моногамия, яъне якканикоҳӣ расидааст, аз ҳамин даврон реша дорад: «Ба гумони ин ҷониб, ин оин решаҳои худро аз даврони ахири асри санг ва авоили асри биринҷ мегирад, ки он замон бисёрникоҳӣ маъруф будааст ва ин расм ба оҳистагӣ ба моногамия-якканикоҳӣ мубаддал шудааст»

Худойназар Раҳимзода, мудири бахши бостоншиносии осорхонаи Данғара мегӯяд, таърихи пайдоиши Гаҳворабахшон дар мавриде, ки ба дини Ислом ягон рабт надорад, хоси даврони бисёрхудоии Ориёни аҳди қадим будааст. Зеро ба иттилоъи мусоҳиби ман, то ҳанӯз дар байни мардум ривоятҳо ҳастанд, ки агар ду нафар, ки гаҳворабахш шудаанд, ба ҳам издивоҷ накунанд, деву аҷинаҳо, худоҳои бадиву зиштӣ ишонро сияҳбахт мекунанд. Ҷаноби Раҳимзода меафзояд, «Бовари мардум ба худоҳои бадӣ собит месозад, ки Гаҳворабахшон моли даврони бисёрхудоист»
Аз ҷониби дигар бостоншинос Зафар Мирзоев бар назар аст, ки Гаҳворабахшон, на танҳо ба Ислом рабт надорад, балки он гавҳари фарҳанги оиладории ирониёни аҳди қадим будааст. Устод Мирзоев мегӯяд, дар мавриде, ки дар самти пажӯҳиши ин оини дилчасптарин то ҳанӯз кореро анҷом надодаанд, «Гаҳворбахшон хоси даврони то бисёрхудоист ва то Авасто, китоби муқаддаси ориёи аҳди қадим, се ҳикмати Зардуҳуштӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро дар худ гунҷонидааст»

Хайрулло Тоҳиров- бостоншиноси дигар, дар рабти маросими Гаҳворбахашон ба ориёи аҳди қадим меафзояд, ки «асотирҳо гувоҳи даврони бисёрхудоианд. Ва чун гаҳвораи тоҷик то ҳанӯз англофетишҳо ва тотемҳо, яъне нақшу навори махсус доранд ва сартопо аз мӯҳраҳои чашмзахмӣ, хору хасҳои ёбоӣ ва гулу гиёҳҳои ба истилоҳ зидди деву аҷина ва нақшу нигороти рамзӣ моломол аст, пас Гаҳворабахшон низ моли ҳамон даврон будааст»

ВА АММО ИСЛОМ ЧӢ МЕГӮЯД?

Аҳмади Иброҳим исломшинос мегӯяд, на дар ҳадис ва на дар ояҳои Қуръонӣ роҷеъ ба маросими Гаҳворабахшон чизе гуфта нашудааст, ҳарчанд дар даврони ҳокими мутлақ будани Ислом ҳатто шоҳу вузаро аз ин маросим кор гирифтаанд. Ба унвони мисол, нахустин Гаҳворбахшони расмӣ, ки ба адабиёт низ роҳ ёфтааст, Достони «Тоҳиру Зӯҳро»-ст, ки шоҳу вазири як икшвар кӯдакони худро гаҳворбахш кардаанд.Аҳмади Иброҳим меафзояд, ки «ин оин аз назари ислом бидъат аст».

Ва аммо исломшиноси дигар Ҳотам Асозода ва як тан аз маъруфтарин олими фиқҳ дар водии Кӯлоб мегӯяд, "ҳарчанд ин оин бидъат аст ва аммо он бидъати ҳасана будааст". Ҳотам Асозода меафзояд, дар Қуръони Ъазимушшаън метавон оётеро дарёфт, ки аз ин маросим пуштибонӣ кунанд. Ҳотам Асозода мегӯяд, дар собиқ «Гаҳворбахшон усулан дар байни синфи доро роиҷтар будӣ, ки шоҳон барои тақвияти салтанат кӯдакони худро гаҳворбахш мекардаанд».

Ба иттилоъи Хайрулло Тоҳиров, назири Гаҳворабахшон дар даврони то мелод зиёд ба чашм мехӯрад, ки бархи онҳо ба таърих роҳ бурдаанд. Зеро ин маросим дар аксари маврид метавонист аз гирудору ҷангҳои шадид ҷилавгир шавад. Хайрулло Тоҳиров мегӯяд, ақди Рухшона ба Искандари Мақдунӣ гунаи ҳамин оин будааст.
Ва аммо устод Зафар Мирзоев бар назар аст, ки Фарҳанги издивоҷ ё оиладории ориёни аҳди қадим аз фарҳанги таборшиносӣ маншаъ дорад ва гаҳворбахшон гунаи дигари поку беолоиш нигоҳ доштани миллату қавми ориёӣ будааст: «Ориён барои посдории табор ва омезиш наёфтан бо ақвоми муғулу тотору дигару дигар қабоили степнишин аз ҳамин Гаҳворабахшон кор мегирифтаанд ва фарзандони худро ба кобини ҳамдигарӣ медаровардаанд»

Бозор Муродов бар назар аст, ки нахустин намунаи маросими Гаҳворбахшон дар замони Каёну Пешдодиён ба чашм мехӯрад, ки ин оин расман ҳамчун никоҳи атфол маҳсуб мерафтааст. Мусоҳиби ман меафзояд, ки барои мардуми ориёитабор аҳд болотар аз ҳама муқаддасот маҳсуб мерафт ва шикастани аҳд оини ҷавонмардӣ набуд. Аз ин рӯ аҳди волидайн расман ҳамчун никоҳи атфол муаррифӣ мегардид.

Ва аммо чаро ориёни аҳди қадим атфолро дар гаҳвора ақд мебастаанд ва дар ин оин чи сирру асроре ниҳон аст? Ба ин суол дар гузоришҳои баъдии мо, ки ба ҳамин паҳлӯи ин оини муқаддастарин барои ориён бахшида шудааст, ҷавоб ҷӯед.
XS
SM
MD
LG