Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони ҷавон ба Русия мераванд


Нарузллоҳи Латиф

Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар аввалин бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик дар Русия ширкат меварзанд. Абдусалом Раҷабов, сардори раёсати равобити хориҷии кумитаи варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бозиҳо аз 16 то 26 июн дар вилояти Маскав ва шаҳри Тула бо ширкати беш аз чаҳор ҳазор варзишгари ҷавони понздаҳ кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ҳамчунин намояндагони Чин ва Сингапур баргузор мешаванд.
Ҷаноби Раҷабов гуфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо теъдоди чиҳил варзишгар дар панҷ ришта - гӯштии озод, самбо, дзюдо, варзиши сабук ва тенниси рӯи миз рақобат хоҳад кард.
Нахуст гӯштигирон дар шаҳри Дмитрови вилояти Маскав зӯрозмоӣ мекунанд. Шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқот паҳлавонони ҷавону маъруфи ин кишвар, ба мисли самбочиён Санҷар Сарфарозов, Алишер Азимов, Сӯҳроб Раҳимов, гӯштигирони тарзи озод Комил Шералиев, Баҳодур Асоев, Ҳусниддин Маллаев, дзюдочиён Ҳотам Ашӯров, Саидраҳим Беков ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳимоя хоҳанд кард. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик 17 июн дар варзишгоҳи шаҳри Чехови вилояти Маскав доир мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф,Душанбе
XS
SM
MD
LG