Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи додситонии кулл ба Искандаров барои вохӯрӣ бо наздиконаш


Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, рӯзҳои наздик ба Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар боздошт ба сар мебарад, иҷозаи вохӯрӣ бо наздиконашро хоҳад дод. Ширинмоҳ Ибронова - вакили мудофеъи Маҳмадрӯзӣ Искандаров рӯзи чаҳоршанбе, 15 июн, пас аз як вохӯрӣ бо зерҳимояи худ ба Радиои Озодӣ гуфт, дақиқан рӯшан нест, ки наздикони Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар кадом таърих бо ӯ мулоқот мекунанд.
Хонум Ибронова ҳамчунин афзуд, вазъи саломатии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров хуб аст. Ҳафтаи гузашта Ширинмоҳ Ибронова бо як муроҷиатнома унвонии кумитаи ҳифзи ҳуқуқи Маҷлиси Намояндагон аз риоя нашудани ҳуқуқи ҷаноби Искандаров ва вакилони дифоъи ӯ шикоят карда ва хоҳони мусоидат ба вохӯрии раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон бо наздиконаш шуда буд. Кумитаи мазкури порлумон ин муроҷиатномаро ба додситонии кулли Тоҷикистон равона карда хоста буд, ки он баррасӣ бигардад.
Ҳумойюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG