Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як нафар дар робита ба таркиши Душанбе


Вазорати амнияти Тоҷикистон бо нашри як баёния дар мавриди инфиҷори рӯзи душанбе, ки чаҳор нафар захмӣ бар ҷой гузошт, эълом кард, ки як нафар дар ин робита боздошт шудааст. Тибқи баёнияи вазорати амният, боздоштшуда аробакаше мебошад, ки маводи мунфаҷира дар аробаи ӯ ҷой гузошта шуда буд. Дар баёния омадааст, таҷҳизоти таркандаи камшиддат дар аробаи боркашонӣ ҷой доштааст, ки шахсияти соҳибаш муайян ва боздошт шудааст
Аз ҷониби вазорат тибқи ҳодиса, ё факти инфиҷор парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад. Ҷузъиёти бештаре дар робита ба ҷараёни тафтиш дода нашудаст, аммо то ба ҳол кадоме аз мақомот дар мавриди ангезаи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд ва тавре дар баёнияи расмӣ низ омадааст, парвандаи ҷиноӣ танҳо бар асоси факти таркиш то кунун пеш бурда шудааст.
Вале дар ҳамин ҳол бархе намояндагони аҳзоби сиёсӣ гуфтаанд, ин ҳодиса сарфи назар аз ангезаи он ба дасти давлат баҳонаи назорати бештар ба умури ҷомеаи шаҳрвандиро хоҳад дод. Гуфтанист дар моҳи январи соли равон низ дар ҳамин маҳалле, ки инфиҷор ба вуқуъ пайваст, як мошин таркида буд, ба гуфтаи вазири дохила омилони он ҳодисаи террористӣ шиносоӣ ва боздошт шуда ва таҳқиқи парвандаи онҳо низ анҷом шудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG