Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ба тафтиши масҷидҳои Душанбе мепардозад


Бо ҳадафи назорат ва танзими фаъолияти масоҷид, муассисаҳои динӣ ва ибодатхонаҳои шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон ҳукумати ин шаҳр як камиссиюни вижа таъсис додааст, ки бояд то ду моҳи дигар шумори дақиқи масоҷид, ибодатхонаҳо ва созмонҳои динии фаъолро мушаххас карда, ҳамзамон қонунмандии аснод ва ҳуҷҷати сабти давлатии онҳоро таҳқиқ намояд.
Сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе Шавкат Саидов гуфт, бархе аз масоҷиде, ки дар пойтахт фаъолият доранд, худсарона бунёд шудаанд ва бо нақшаи шаҳрсозӣ муғойират доранд. Ба иттиллои ҳамин манбаъ, муовини раиси шаҳр, раиси Маркази исломӣ ва муфтии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки ҳарсе ҳамраиси камиссиюни таъсисдодаи шаҳрдорӣ мебошанд, ҳамроҳ бо масъулини ниҳодҳои зиддахли пойтахт масъулияти иҷрои ин қарорро ба ӯҳда доранд.
Муродулло Давлатов раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, бархе аз афрод худсарона ҷойҳои ҷамъиятиро ба сифати масҷид истифода мебаранд, ки бо қонунҳои ҷории кишвар мухолифат дорад. Ин дар ҳолест, ки бархеи дигар аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода- раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мӯътақидаст, чунин тасмими шаҳрдорӣ, ки шояд ба қатъи фаъолияти бархе аз масоҷид шавад, бештар ангезаи сиёсӣ дошта ва ҳадафи он маҳдуд кардани ҳузур ва ширкати мардум дар маросими мазҳабист.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG