Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Алмати


Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук миёни наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон натоиҷи назаррас ба даст оварданд. Бино ба иттилоъи Ғайрат Неъматов, мураббии тими мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ Олга Герасимова дар давидан ба масофаи 200 метр мақоми аввал ва дар давидан ба масофаи 400 метр ҷойи дуввумро ишғол кард. Фирдавс Азизов дар давидан ба масофаи 1500 метр соҳиби ҷоизаи аввал ва дар давидан ба масофаи 800 метр соҳиби мақоми дуввум шуд. Муҳаммадрасул Ҳалимов дар гурзандозӣ ҷойи аввал ва дар гулӯлапартоӣ мақоми севвумро касб кард. Ба гуфтаи Ғайрат Неъматов, ин се варзишгари ҷавони Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 9 то 17 июл дар Мароккаш баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
ФУТБОЛ. Тими «Регар -ТадАЗ»-и Турсунзода дар аввалин бозии чаҳорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2005 дар майдони худ бар тими «Фархор»-и Фархор бо натиҷаи ёздаҳ бар сифр ғалаба кард. Дар ин дидор, Шуҷоат Неъматов панҷ гол, Маъруф Рустамов, Алишер Тӯхтаев, Хуршед Маҳмудов, Одил Эргашев, Сӯҳроб Ҳамидов ва Абдулло Умарбоев якголӣ заданд. Дар бозии дигари чаҳорякфиналӣ дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар тими меҳмон-«ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Назир Ризомов, ҳамлагари «Вахш» дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Абдумавлон Шокиров,бозингари «ХИМА» дар дақиқаи 37-ум ҳисобро баробар намуд. Камол Ортиқов дар дақиқаи 40-ум голи дуввуми «Вахш»-ро ба самар расонд.Ду бозии дигари чаҳорякфиналӣ миёни ЦСКА-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, СКА «Помир»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид.Бозиҳои ҷавобии чаҳорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19 июн баргузор хоҳанд шуд.
Нарзуллоҳи Латиф,Душанбе.
XS
SM
MD
LG