Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қиссаи Умари Хайём" ба намоиш даромад


Қиссаи ин филм чунин аст. Комрони 12 сола - як тифли иронии муқими Амрико рӯзе дармеёбад, ки ӯ аз авлоди шоир, мунаҷҷим ва риёзидонҳои асри 11 Умари Хайёми Нишопурии машҳур дар ҷаҳон аст. Ин ривоятро аҷдоди ӯ яке ба ҳамдигар нақл карда ва то кунун нигаҳ доштаанд ва акнун Комрон масъули ҳифзи ин қисса ва ба насли оянда расонидани он аст.

Нодир бародари Комрон, ки дар ҳоли марг аст, ба ӯ қиссаи Умари Хаёймро нақл мекунад ва коргардон дар ин ҷо бинандаҳоро ба қарни 11 мебарад ва аз равобити Умари Хайём ва Ҳасани Саббоҳ, ки яке аз бунёдгузорони равияи қотилони фармоишӣ маҳсуб мешавад қисса мекунад. Дар ин филм гӯё Умари Хайём ва Ҳасани Саббоҳ ба ҳам дӯстони наздиканд, вале ҳар ду ба як духтар ошиқ мешаванд ва дӯстии онҳо аз байн меравад. Дар ин миён коргардон бинандаро боз ба замони ҳозира бармегардонад ва аз он мегӯяд, ки чӣ гуна зиндагии феълӣ шикананда ва ноустувор аст ва чӣ гуна таърихи имрӯзаро насли нав ба зудӣ фаромӯш мекунад.

Коргардони филм Кайвони Машоих дар сӯҳбат бо телевизиони KTRK-и Амрико доир ба мояи ин филм гуфт:
"Мояи достон ин аст, ки фаромӯш накунед, ки ҳастед ва аз куҷо омадаед. Достон гузаштаи шуморо баён мекунад ва зиндагиатонро ғанитар месозад, ва як паёми бештар мусбатро дар робита бо ин бахши олам ба гӯш мерасонад. Албатта на сирф барои эрониҳо, балки барои ҳар як муҳоҷир, агар шумо афғони амрикоӣ бошед, ё испониёи амрикоӣ ва ғайра. Яъне мардуме, ки ба Амрико меоянд аз суҳулиятҳои бузурге, ки ин кишвар фароҳам сохтааст, истифода мебаранд. Чизе ман мехоҳам ин аст, ки ҳамаи инҳоро дар ин филм мунъакис бисозам ва ин тассавурро ба пардаи синамо биоварам. Шаш сол дар бар гирифт то ин филмро таҳия кардам, ман хело хушбахтам, ки тавонистам шумори зиёди афроди меҳрубону хубро бо ҳам ҷамъ кунам. Ва акнун умедворам, ки филм мавриди писанди мардум қарор бигирад."

Дар филми Нигаҳбон ҳамчунин ситораҳои синамо аз ҷумла Ваннеса Редгрейв ҳунарманди Британиявӣ ва актёри Хорватиягӣ Рейд Сербедҷиа нақш офаридаанд. Ин филм дар иёлати Техас, Лондон ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Узбакистон ва умуман дар панҷ шаҳри мухталиф ва се қитъа ва дар тӯли 37 рӯз наворбардорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG