Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳифозати марзро ба ихтиёри худ мегирад


Рӯзи панҷшанбеи нӯҳуми июн даври ниҳоии таслими ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри нирӯҳои марзбони Тоҷикистон шурӯъ шуд. Александр Кондратев, сухангӯи дафтари матбуоти нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон гуфт, интиқоли нигаҳбонии марзи ҳазору чаҳорсад километрии миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар беш аз як ҳафтаи оянда анҷом хоҳад ёфт. Ҷаноби Кондратев гуфт, ҳамакнун, бо таслими ҳудуди 135 километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри марзбонои тоҷик дар қитъаи марзии Панҷи поён, таи 10 рӯзи оянда бо ширкати комиссияи якҷояи Русияу Тоҷикистон 10 дидбонгоҳ ва се гузаргоҳи марзӣ зери нигаҳбонии доимиии марзбонони тоҷик хоҳад гузашт. Дар зимн, ба гуфтаи Александр Кондратев, ҳама сохтори зарурӣ бо ҷумлаи лавозимоти низомӣ ва моликияти манқул ҷиҳати ҳифозати ин марз ба дасти марзбонони Тоҷикитсон супурда мешавад. Ҷаноби Кондратев гуфт, ҳамчунин дар зимн маркази таълимии Ҳалқаёр, воқеъ дар ин қитъаи марзӣ, як нуқтаи дорои аҳамияти стратегии нирӯҳои марзбони хадамоти федеролии таҷассусӣ ба ихтиёри мрзбонони тоҷик хоҳад гузашт. Сухангӯи нирӯҳои марбонии Русия дар Тоҷикистон гуфт, бо интиҳои ин марҳалаи супурдани марз, нигаҳбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон комилан ба дасти марзбонони кумитаи марзбонии ин кишвар мегузарад. Дар ҳамин ҳол, Александр Кондратев аз гуфтани теъдоди сарбозу афсарони Русия дар ин қитъаи марзӣ худдорӣ кард ва афзуд, марзбонони рус ҷиҳати ҳифозати қитъаи марзии мазкур кифоят мекард.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG