Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созандагони «Равзана»-и Норак - барандаи ҷоизаи олии Русия


Се тан аз донишмандони рус - Александр Квасников, муовини раиси ситоди нирӯҳои кайҳонии Русия, номзадҳои улуми техникӣ Валерий Колинко ва Аркадий Верёшкин, созандагон муҷтамеъи кайҳонии "Окно" ва ё "Равзана", воқеъ дар шаҳри Нораки Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи давлатии Русия шуданд. "Равзана" - муҷтамеъи оптикӣ-электронӣ дар ҳошияи шаҳри Норак дар баландии 2300 метр воқеъ аст ва ҷузъи нирӯҳои кайҳонии Русия ба ҳисоб меравад.
Кузнетсов гуфтааст, "Равзана" феълан ягона марказест, ки ба Русия имкон медиҳад, дар 40 ҳазор километрии коинот ба ҳаракати мушакҳои хориҷӣ назорат намояд, ҳадафу мушаххасоти онҳоро ошкор созад. Тоҷикистон бар ивази бахшидани як ҳиссаи қарзи ин кишвар муҷтамеъи "Равзана"- ро ба Русия барои панҷоҳ сол ба Русия бахшидааст.
Созандагони муҷтамеъи мазкур, ки барандаи мукофоти давлатии Русия шудаанд, 5 миллион рубл муодили 180 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард. Ҷоизаро ба созандагони "Равзана" Владимир Путин дар маросими таҷлили иди Рӯзи Русия дар Кремл 12 июн тақдим хоҳад кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG