Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди нерӯгоҳҳои обӣ - барқии нав дар кӯҳистони Тоҷикистон


Вазорати энержии Тоҷикистон бо роҳандозии як тарҳ қасд дорад, то як соли дигар дар бархе аз навоҳии кӯҳистонии ин кишвар 8 нерӯгоҳи хурди обӣ - барқӣ бунёд намояд. Рашид Гулов - сардори идораи сиёсати энержии вазорати мазкур гуфт, дар заминаи иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ - барқӣ миёни вазорати энержии Тоҷикистон ва бонки исломии рушд тавофуқномаи ироаи кӯмак ба имзо расидааст. Бар асоси ин тавофуқнома, бонки исломии рушд эълом доштааст, ки барои бунёди 8 нерӯгоҳи хурди обӣ - барқӣ маблағи беш аз 9 миллион доллари амрикоӣ дар ихтиёри вазорати энержии Тоҷикистон қарор медиҳад. Аз сӯи дигар, дар чаҳорчӯби ин тавофуқнома вазорати энержии Тоҷикистон низ ӯҳдадор шудааст, барои ин ҳадаф маблағи дуюним миллион доллари амрикоӣ ихтисос диҳад.
Ҳамакнун, қарор аст, дар пайи як баррасии вазорати энержӣ барои интихоби маҳал, то соли 2006 дар Файзобод, Балҷувон, Ваҳдат, Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикообод ва Ҷиргатол бунёд ёбанд.
Бар асоси итилои вазорати энержии Тоҷикистон, феълан дар ин кишвар 40 нерӯгоҳи хурди обӣ - барқӣ амал менамояд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG