Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Покистон нозири Созмони Ҳамкории Шанхай хоҳанд шуд


Қосимҷомарт Тоқоев - вазири умури хориҷаи Қазоқистон 4 июн дар Остона изҳор кард, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аввали моҳи июл дар Остона баргузор мегардад, ҳуҷҷате дар мавриди ҳамкории кишварҳои узв дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба имзо хоҳад расид. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи вузарои умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи чоруми июн ин ҳуҷҷат баррасӣ ва пазируфта шудааст. Роҳбари ниҳоди хориҷии Қазоқистон ҳамчунин афзуд, ки дар ин ҷаласа лоиҳаи қарори шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи ба Покистон, Эрон ва Ҳиндустон додани мақоми нозири қабул шуд.

Дар нишасти матбуоти вузарои умури хориҷии кишварҳои узви созмон ҳамчунин назари хешро дар мавриди рӯйдодҳои ахир дар минтақа баён карданд. Аз ҷумла Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон изҳор кард, Тоҷикистон чун кишвари минтақа аз рӯйдодҳои Андиҷон изҳори нигаронӣ мекунад.

Сергей Лавров - вазири умури хориҷии Русия, ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодиро яке аз омилҳои таъминкунандаи субот дар минтақа донист: "Кишварҳои мо бояд ба ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷӯҳи бештар диҳанд, то чунин вазъе ба вуҷуд наояд, ки бунёдгароён норизоии мардумро барои ҳадафхои нопоки хеш истифода намоянд." Вазири умури хориҷаи Русия афзуд, дар Андиҷон айни чунин ҳодиса рух додаст.

Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи июни соли 2001 таъсис шуда, ба он 6 кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Чин ва Русия шомиланд. Муғулистон кишвари нозир дар ин созмон аст.
XS
SM
MD
LG