Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба сафири нави Русия дар Тоҷикистон дастурҳо дод


Президенти Русия Владимир Путин, аз сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон, Рамазон Абдулатифов даъват кард, дар фаъолияти ояндааш дар Душанбе, самтҳои гуногуни ҳамкории Русия ва Тоҷикистонро дар мадди назар дошта бошад.
Дар мулоқоте ки Путин бо Абдулатифов дошт, вай аз мавҷудияти пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва интиқоли назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик ва барномаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ёд кард. Дар навбати худ Абдулатифов, ки охири моҳи гузашта, ба ивази Максим Пешков, сафири Русия дар Тоҷикистон таъин шуд, гуфт, ба шарофати тафоҳуми миёни ду президент, заминаҳои хубе барои густариши робитаҳои Русия ва Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд. Сафир Абдулатифов, собиқ узви Думаи давлатии Русия, узви Шӯрои Федератсияи Русия, ахиран дар ҳайъатҳои ҳукуматӣ борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Президенти Русия дар ҳоле Тоҷикистонро як самти муҳими кори ҳукумати худ номид, ки Маскав дар чандин кишвари дигари шӯравии собиқ нуфузи таърихии худро аз даст медиҳад.
XS
SM
MD
LG