Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии RSF аз боздошти хабарнигори тоҷик


Созмони Хабарнигори Бидуни Марз, марказаш дар шаҳри Порис аз ҳабси хабарнигори тоҷик Ҷумъабой Толибов изҳори нигаронӣ ва озодии ҳарчӣ зудтари ӯро дархост кардааст. Дар изҳороти ин созмон, ки бегоҳи рӯзи панҷшанбе нашр шудааст, омадааст, Ҷумъабой Толибов барои танқиди додситони ноҳияи Айнӣ Сайфиддин Аъзамов дар мақолаҳояш боздошт шудааст.
Ҷумъабой Толибовро 24 апрел дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба маҳбаси маркази ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд интиқол додаанд. Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, боздошти хабарнигор Толибов ба фаъолияти журналистии ҳеҷ иртиботе надорад.
XS
SM
MD
LG