Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли ширкати "РусАл" дар робита ба нерӯгоҳи Роғун


Леош Томичек - раҳбари барномаи энергетикии нирӯгоҳи Роғун аз сӯи ширкати "РусАл"- и Русия ҳангоми муаррифии тарҳи энержии ин ширкат дар Тоҷикистон гуфт, "РусАл" тасмим гирифтааст, то соли 2011 нахустин навбати сохтмони нирӯгоҳи Роғунро анҷом диҳад.
Оқои Томичек гуфт, маблағи тарҳи мазкур болиғ аз якуним миллиард доллари амрикоӣ ва мӯҳлати иҷрои ин тарҳ то даҳ соли дигар аст: "Навбати аввали нирӯгоҳи Роғун имкони тавлиди солона то панҷуним миллиард киловатт соат нирӯи барқро хоҳад дошт. Нирӯгоҳи Роғун дар ниҳоят қодир ба тавлиди 13 миллиард киловатт соат барқ тавлид хоҳад шуд."
Ба гуфтаи Леош Томичек, тарҳи "РусАл" дар Тоҷикистон ҷиҳати бунёди нирӯгоҳи Роғун бо сиёсати иқтисодӣ ва барномаҳои стратежии давлати ин кишвар, ба мисли барномаи истифода аз захоири гидроенержӣ, коҳиши фақр ҳамоҳанг шудааст. Яке дигар аз аҳдофи ин тарҳ ба гуфтаи ӯ, бунёди корхонаи нави тавлиди арзиз дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки даҳҳо ҳазорро бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин хоҳад кард. Леош Томичек ҳамчунин таъкид кард, бунёди обанбори Роғун то ҳадди имкон бурузи низоъҳои эҳтимолии минтақавиро дар заминаи баҳрабардорӣ аз об ва барқ рафъ хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG