Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба Созмони ҳамкориҳои Шанҳай шомил мешавад


Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанҳай масъалаи узвияти Покистонро дар ин иттиҳод ба сифати нозир мавриди баррасӣ қарор додаанд ва мақомоти Чин изҳори умедворӣ кардаанд, ки тарафҳо ба зудӣ дар ин масъала ба созиш хоҳанд расид.
Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Коан Тсуан рӯзи 26-уми май ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вай гуфт, Покистон ҳанӯз ду сол пеш бо чунин дархост ба Созмони ҳамкориҳои Шанҳай муроҷиат карда буд.
Намояндагони дигар кишварҳои узв дар бораи эҳтимоли ҳалли зудраси масъала расман изҳори назар накардаанд. Аммо дар соли 1999, вақте ки Созмони ҳамкориҳои Шанҳай ҳанӯз "Панҷгонаи Шанҳай" ном дошт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба дархости ширкати Покистон дар он шадидан мухолифат нишон дода буд.
Хабари баррасии узвияти Покистон дар созмон ба сифати нозир дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи 25-уми май президент Раҳмонов дар фурудгоҳи Пекин бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанҳай Дзянг Дегуанг дидору гуфтушунид дошт. 26-уми май Дегуанг бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов мулоқот кард.
Ҳукумати Покистон дар робита ба ин хабар иттилое нашр накардааст. Созмони ҳамкориҳои Шанҳай дар солҳои 1996-2000 зимни баррасии масъалаҳои марзӣ бо иштироки Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шакл гирифта, соли 2001-ум расман таъсис ёфт ва Ӯзбакистонро ҳам ба узвият пазируфт. Ба ғайр аз Покистон Муғулистон низ хостори узвият дар ин ниҳод мебошад.
XS
SM
MD
LG