Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар Вйетнам


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар рақобатҳои футзоли мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Хошимини Вйетнам ҷараён дорад, бар тими Тайван бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба кард. Рустам Хоҷаев ду гол, Эраҷ Носеҳов ва Ҳувайдо Давлатбеков якголӣ заданд. Ин мусобиқа бори ҳафтум бо ширкати 24 дастаи мунтахаби кишварҳои қораи Осиё дар шаш гурӯҳ сурат гирифтааст. Дастаи Тоҷикистон ба гурӯҳи «Д» шомил аст. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Ҷумҳурии Куриё бар тими Қатар бо натиҷаи 7 бар 3 пирӯзӣ ба даст овард. Ба ин тартиб дастаҳои Ҷумҳурии Куриё ва Тоҷикистон бо сехолӣ дар гурӯҳи «Д» аз рӯи таносуби тӯбҳо мутаносибан мақоми якуму дуввумро ишғол мекунанд.
Насриддин Азизов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт дастаи мунтахаби ин кишвар дуввумин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад. Вай ҳамчунин иброз дошт тими Эрон, ки дар шаш мусобиқаи пешин ғолиб омадааст, довталаби аслии унвони қаҳрамони футзоли Осиё маҳсуб мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар дуввумин дидори худ рӯзи чоршанбеи 25-уми май бо тими Қатар зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG