Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО хостори таҳқиқи рӯйдодҳои Андиҷон шудаанд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, СММ, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба саркашии ҳукумати Ӯзбакистон аз пажӯҳиши байнулмилалии рӯйдодҳои Андиҷон изҳори ноқаноатмандӣ карда, аз мақомоти Тошканд даъват намуданд, ин мавқеъи худро бознигарӣ кунад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Ричард Баучер гуфт: "Мо маъюс шудем, ки ҷониби Ӯзбакистон ширкати байнулмилалиро дар бозрасии рӯйдодҳои Андиҷон напазируфтааст. Мо кӯшишҳоро ба таҳқиқи мустақил идома хоҳем дод, то маълумоти шаффоф ва дақиқро ба даст орем".
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, президенти Ӯзбакистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Кофи Анон пажӯҳиши байнулмилалии воқеъаҳоро рад кардааст.
Сухангӯи Иттиҳоди Аврупо Эмма Удвин гуфт, сафари кӯтоҳу ташкилии дипломат ва журналистони хориҷӣ ба Андиҷон барои дарки ин воқеъаҳо кофӣ буда наметавонад. Вай афзуд, Иттиҳоди Аврупо хостори рӯшании комил дар пажӯҳиши воқеъа аст. Интизор меравад, рӯзи душанбе, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Ӯзбакистон дар ин бора гуфтушунид кунанд.
Шоҳидони воқеа ва манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, дар Андиҷон ва Пахтаобод аз 500 то 1000 нафар кушта шудааст, вале мақомоти расмии Ӯзбакистон гуфтаанд, ҳамагӣ 169 нафар ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG