Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Узбакистон


Дастаи мунтахаби каратеи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Тошканд бо ширкати варзишгарони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт, соҳиби панҷ медал шуд. Дар рақобатҳои инфиродӣ Фирӯз Темуров бо медали нуқра, Машраб Қосимов ва Ҳабибуллоҳ Ҷунайдуллозода бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.Каратечиёни ҷавони тоҷик, ҳамчунин дар рақобатҳои даставӣ ду медали нуқра ба даст оварданд.
Ҳамзамон теннисбози навраси тоҷик Акбари Раҳмон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Истамбули Туркия дар рақобатҳо миёни ҳамсолони худ мақоми севвумро ишғол кард. Ин варзишгари навраси тоҷик дар айни ҳол дар Академияи тенниси Русия таҳсил ва тамрин мекунад.Акбари Раҳмон дар рейтинг ва ё раддабандии зӯртарин теннисбозони Русия дар байни варзишгарони синнашон то 12-сола мақоми дуввумро ишғол менамояд.
Хабари дигар аз саҳнаи футзоли Тоҷикистон ва ин аст, ки дастаи мунтахаби футзоли кишвар барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ба Ветнам сафар кард. Ин мусобиқа дар шаҳри Хо Ши Мин аз 20-уми май то 4-уми июн идома хоҳад кард. Алишер Афғонов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷоми Осиё нахустин бор даҳ сол муқаддам ширкат варзида, миёни дувоздаҳ даста мақоми нӯҳумро ишғол карда буд.
Ва дигар ин ки дар нахустин мусобиқаи лигаи баскетболи Тоҷикистон, ки бо ширкати ҳашт даста дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, баъди ҷамъбасти бозиҳои севвумин даври мусобиқа, дастаи «Фаетон»-и Душанбе бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. Дастаҳои «Зӯҳро» ва «Ориён» бо чаҳорхолӣ мувофиқан мақоми дуввуму севвумро ишғол мекунанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG