Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе


"Мо ҳаводиси ахири вилояти Андиҷони Узбакистонро як амали сирф дохилии ин кишвар арзёбӣ менамоем ва ба ин назарем, ки дар ин ҳаводис нирӯҳои мушаххасе даст доранд, ки хостори эҷоди беназмӣ дар ин кишваранд." Ин ҳарфҳоро Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқоташ бо Қурмонбек Боқиев, кафили раисиҷумҳури Қирғизистон рӯзи 18 май дар Душанбе иброз намуд.

Оқои Раҳмонов гуфт, арзёбии дақиқи ҳаводиси Андиҷон фурсат мехоҳад, вале мо, афзуд вай, ба маълумоти расмии ҷониби Тошканд дар робита ба ин ҳаводис бовар дорем. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: «Ба назари мо, ноамнӣ ва адами суббот дар Узбакистон табъан ҷавобгӯи манофеъи Тоҷикистону Қазокистон ва Қирғизистону Туркманистон нест. Ва умуман, агар худое накарда, дар пасманзари ин ҳаводис дар минтақа иттифоқе биафтад, бадтар аз ҳаводиси Балкан хоҳад шуд.»

Қурмонбек Боқиев дар робита ба таҳаввулоти ахири Қирғизистон гуфт, заминаи ин таҳаввулот зери таъсири авомили дохилӣ аз қабл дар ин кишвар фароҳам шуда буд: «Метавон он чиро ки дар кишвари мо рух дод, на инқилоби рангин, балки як инқилоби комилан қирғизӣ номид, ки се сол пеш аз тирборон шудани мардуми осоиштаи тазоҳургар дар ноҳияи Оқсӯ шуруъ ёфта буд. Сабабҳои дигар низ вуҷуд доштанд. Ин оғоз буд, вале охирин нуқтааш тақаллубкории ошкоро дар интихоботи ахири порлумонӣ гардид.»

Дар мулоқоти руасои ҷумуҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин масоили мухталифи равобити тарафайн, аз ҷумла додуситади коло ва равобити иқтисодӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бахусус таъкид намуданд, ки ду кишвар имконоти фаровони ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои истифодаи муштараки роҳҳо ва баҳрабардорӣ аз гузаргоҳҳои нақлиётии байнидавлатӣ ва ҳамчунин аз захоири энержиро доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, зикр шуд дар мулоқот, ду кишвар қасд доранд дар бахшҳои ёдшуда ҳамкориҳои тарафайнро тақвият бахшанд. Дар ин росто ба унвони гоми ибтидоӣ мақомоти баландпояи ҷумҳуриҳоиТоҷикистон ва Қирғизистон ба як қарордоди танзими истифодаи сӯдманди замин миёни ду кишвар имзо гузоштанд. Имзои ин қарордод, гуфта мешавад, заминаи мусоидро барои эъмори хаттҳои барқрасонӣ ва роҳҳои мошингардро барои ҳар ду кишвар фароҳам месозад.

Ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дирӯз дар расми ифтитоҳи хатти интиқоли нирӯи барқи Конибодом -Бодканд дар марзи байни вилоёти Суғду Бодканд низ ширкат кардаанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG