Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми ҳатмии дарёфти раводиди сафар ба манотиқи марзии Тоҷикистон лағв шуд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба Қонуни сарҳади давлатӣ низоми ҳатмии дарёфти раводиди мусофират ба навоҳии марзӣ барои шаҳрвандони ин кишварро лағв кард. Аз замони шӯравӣ то ба имрӯз сокинони минтақаҳои дигари Тоҷикистон бидуни дарёфти иҷозаи махсус аз мақомоти зидахли давлат ҳаққи сафар ба навоҳии марзии кишварро надоштанд. Абдуманнон Холиқов - раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури ҳуқуқ ва қонунгузорӣ ба ҳангоми тавзеҳи иловаҳо ба Қонуни сарҳади давлатӣ ва аҳамияти лағви визои дохилӣ барои атбоъи кишвар гуфт, қабули лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, мусофират ба манотиқи марзӣ барои куллия сокинони кишвар бо пешниҳоди танҳо шиносномаи муқаррарӣ сурат бигирад.

Дар пайи ислоҳоти ворида ба Қонуни марз минтақаи марзӣ, ки дар ҳудуди он мавҷуд будани шаҳр, шаҳрак ва ё русто низ имкон дорад, дар фосилаи 25 километр аз хатти марз муқаррар гардид. Ин дар ҳолест, ки қонуни қаблӣ фосилаи минтақаи марзӣ бо хатти марзро ба 50 километр муқаррар карда буд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз ширкатҳои ҷаҳонгардӣ дарёфти визои дохилиро як мушкилот дар роҳи рушди тиҷорат дар ин соҳа арзёбӣ мекунанд. Абдуманнон Холиқов - раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин гуфт, низоми дарёфти иҷозатномаи махсуси мақомоти зидахли кишвар - вазорати умури хориҷа ва корҳои дохилӣ - барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳон ва ҷаҳонгардон, ки хоҳиши мусофират ба манотиқи марзии кишварро доранд, ба мисли пешин боқӣ хоҳад монд. Зеро, ба гуфтаи оқои Холиқов, ҳарчанд авзоъ дар дохили Тоҷикистон ором аст, вале бар иллати носуботии минтақа ва амнияти атбоъи хориҷӣ ин низом барои онҳо бетағйир гузошта шудааст. Аммо ба таъйиди ҳамин манбаъ, мусофирати дипломатҳои хориҷӣ, ходимони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайъатҳо ва меҳмонони ҳукуматӣ, ки сафари манотиқи марзии кишвар мекунанд, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо салоҳдиди ҳукумати кишвар сурат мегирад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG