Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти фаъолияти ниҳодҳои амниятии вилояти Суғд


Ба иттилоъи идораи умури дохилаи Суғд, дар пайи ҳодисаҳои рӯзҳои ахир дар вилояти Андиҷони Узбакистон фаъолияти ниҳодҳои интизомиву амниятии устон, бахусус дар манотиқи ҳаммарз бо ин кишвар тақвият ёфтааст. Манобеъи расмӣ мегӯянд, ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии маҳбусони аз ҷониби қиёмкунандагон озодшудаи маҳбаси шаҳри Андиҷон сурат гирифтааст.
Вилояти Суғд бо се вилояти Узбакистон - Намангон, Фарғона ва Сирдарё марзи муштарак дорад ва кормандони ниҳодҳои интизомии вилоят дар манотиқи наздимарзӣ ашхоси ғайрибумиро мавриди тафтиш қарор додаанд. Як шоҳиди ҳодиса, Тилав Расулзода, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар ноҳияи Спитамен кормандони милисаи маҳаллӣ уро бозпурсӣ кардаанд: «Вақте дар бозори ноҳияи Спитамен сайр мекардам, милисаи нозир наздам омад ва тақозои нишон додани ҳуҷҷатҳоям намуд. Вай гуфт, ки супориш гирифтааст, ки шаҳрвандони ба назар шубҳанокро тафтиш ва шахсияти онҳоро муайян намоянд. Вале чун донист, ки ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, узр пеш овард ва афзуд, ки аз ҷумлаи садҳо нафар маҳбусоне, ки аз зиндони шаҳри Андиҷон озод карда шудаанд, шояд нафароне ба вилояти мо пинҳонӣ ворид шуда бошанд, барои ҳамин тафтишро сахт ба роҳ мондаем.»
Вале ниҳодҳои марзбонӣ ва интизомии Суғд вуруди эҳтимолии маҳбусони озодшуда аз зиндони шаҳри Андиҷонро ба қаламрави ин вилоят рад мекунанд. Ҳамчунин ин манобеъ овозаҳоро дар бораи ҷамъ омадани фирориёни Андиҷон ба манотиқи наздимарзии Тоҷикистон бепоя хонда, гуфтанд, ки авзоъ дар хати марзи муштараки Суғд ва водии Фарғонаи Узбакистон ба мисли пешин ором ба назар мерасад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG