Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақзи пайвастаи ҳуқуқи коргарон дар Хатлон


Қурғонтеппа

Боймурод Сайдалиев, сардори идораи бозрасии давлатии меҳнати Хатлон зимни як нишасти матбуоти иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ 160 ҳолати нақзи ҳуқуқи кормандон ва поймолкунии бандҳои Қонуни меҳнат аз сӯи масъулони корхонаву муассисоти давлативу хусусии вилоят ошкор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар бештарин маворид роҳбарони корхонаҳо пардохти маоши моҳонаи кормандонро ба таъхир андохтаанд ва ин маблағи қарзи маош дар се моҳи соли ҷорӣ ба 530 ҳазор сомонӣ ё 180 ҳазор доллар баробар шудааст, ки ҳудуди 270 ҳазор сомонии он бо дахолати кормандони бозрасии давлатии меҳнати вилоят пардохт гардид.

Оқои Сайдалиев ҳамчунин афзуд, дар бархе аз корхонаҳои вилоят сарфи назар гаштани низому тартиботи меҳнатӣ, ки ба риоя нашудани ҳуқуқи кормандон ва шароити кори онҳо аз сӯи роҳбарони корхона иртибот дорад, сабаби сар задани фоҷиа ва кушта гаштани корманд дар ҷараёни кор гаштааст.

Роҳбари идораи бозрасии меҳнати Хатлон гуфт, дар робита ба мушкилоти мавҷуда миёни корманд ва роҳбарон дар корхонаву муассисоти вилоят нозирони идораи бозрасӣ шикоятномаҳоро дар мавриди поймол гаштани ҳуқуқ, ки марбут ба пардохти саривақтии маоши моҳона, истифода аз имтиёзу шароити кор мебошанд, дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари назоративу интизомӣ ба таҳқиқ фаро мегиранд. Аммо ин дар ҳолест мегӯяд ӯ, феълан дар Хатлон ҳудуди 11 ҳазор корхонаву муассисот фаъоланд, вале теъдоди кормандони бозрасии меҳнат башуморанд ва дар зимн бозрасии меҳнат бо ин миқдор корманд имкони мутассил зери назорат гирифтани кулли корхонаҳоро надорад.
XS
SM
MD
LG