Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Синамо"- и гурӯҳи "Фарзин" ба намоиш медарояд


Гурӯҳи Фарзин, ки ҳаводорони зиёд ва ҳамзамон танқидгарон низ дорад, ба зудӣ албоми нави худро бо номи "Синамо" нашр мекунад. Ин фиттаи худро дуэти Фарзин ба муддати ду сол таҳия намудааст. Гузашта аз ин Фарзин чанде қабл барои филми ҳунарии «Чудо» ва ё худ «Мӯъҷиза»- и коргардони рус Тимур Алпатов, ки дар яке аз рустоҳои дурдасти Тоҷикистон ба навор гирифта шуда буд, оҳанг офарид.

Айни ҳол Фирӯз Ҳакимов ба танзими оҳанг барои филми дигари хамин коргардон машғул аст. Аммо сабаби "Синамо" ном гирифтани албоми нави "Фарзин" чист?

Ҳабиб: "Барои он ки зиндагии мо ҳамааш синамо аст. Дар тӯли панҷ соле, ки мо бо Фирӯз кор кардем, ҳамааш мисли синамо гузашт. Барои ҳамин ҳам мо ба қароре омадем, ки номи албоми нави худро "Синамо" гузорем ва дар ин албом ҳар як суруд мисли эпизодҳои синамо мегузарад."

Аммо таърихи пайдоиши гурӯҳи Фарзин», ки дар фурсати кӯтоҳ мухлисони зиёдеро аз дигар гурӯҳҳо кашида гирифт, хеле ҷолиб аст. Ҳабиб ва Фирӯз Ҳакимовҳо, на онҳо бародарон нестанд, балки танҳо насабашон як аст, соли 1998 дар гурӯҳи "Западный Квартал" ошно мешаванд. Пас аз пош хӯрдани ин гурӯҳ Фирӯз бо Ҳабиб дӯстии худро идома медоданд ва соли 1999 Фирӯз ба Ҳабиб пешниҳод мекунад, ки дуэти худро ташкил намоянд.

Дуэти Фарзин аз нахустин гурӯҳҳоест, ки дар санъати попи тоҷик синтези мусиқии эстрадӣ ва халқиро, агар бо истилоҳи мусиқӣ гӯем, равияи "техно-зарб" - ро истифода намуд. Ҳабиб Ҳакимов, овозхони гурӯҳи Фарзин мегӯяд, онҳо хеҷ интизорот надоштанд, ки услуби пеш гирифтаи онҳо то ин дараҷа миёни шунавандагони тоҷик тарафдоронро пайдо мекунад:

«Ман хато намекунам ,агар бигӯям, ки гурӯҳи "Фарзин" аввалин шуда, «революция»- и мусиқии тоҷикиро ба амал овард. Суруди нахустини мо, ки бо танзими техно-зарб ба вуҷуд омад, Боронак буд. Баъди ин суруд мо машҳурияти зиёд пайдо намудем.»

Таронаи дигаре ,ки дар он шабу рӯз пурфурӯштарин ва сершунавандатарин маҳсуб меёфт ва беист дар фурӯшгоҳҳову тафреҳгоҳҳо шунавонида мешуд, «Духтари Ванҷӣ»ном дошт. Аммо суоли дигари ман аз Ҳабиб дар бобати норозигии аксарият оид ба мазмуну матни таронаҳои овозхонони ҷавони тоҷик буд,ки дар сатҳи паст қарор доранд?

Ҳабиб: «Дар замони ҳозира ҳама чӣ пул меистад. Бепул касе на шеърашро медиҳад, на касе мусиқияшро. Барои ҳамин ҳофизони ҷавон, ки пулдор нестанд, маҷбур мешаванд, ё худашон шеър эҷод кунанд ва ё ягон рафиқашон ба онҳо шеър эҷод мекунанду онҳо мехонанд.»

То имрӯз гурӯҳи Фарзин тавонистааст, 3 албоми худро бо номи «Made in Vatan», «Tajikkenium», «Gardum the World» тақдими мухлисон намоянд. Ҳабиб мегӯяд, онҳо бо ҳамроҳии Фирӯз ният доранд, баробари пайдо гардидани вақт ва имконият барои таронаҳои тозаашон чанд клипе низ омода созанд.
XS
SM
MD
LG