Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази хушунат аз Андиҷон акнун ба Қаросӯ мекӯчад


Рӯзи шанбе раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов баъди аз Андиҷон баргаштанаш дар Тошканд як нишасти хабарии тӯлонӣ доир карда ва масъулияти хушунатҳои Андиҷонро ба дӯши Ҳизб-ут-Таҳрир бор кард. Ислом Карммов аз ҷумла гуфт: "Ҳадафи онҳо ба фоидаи худ гардондани вазъ дар Андиҷон ва барҳам додани низоми қонунӣ буд ва мехостанд бо истиқрори як шохаи давлати афсонавие, ки Хилофати Исломиаш меноманд, дар он ҷо қонунҳои худу ҳукумати худро ҷорӣ кунанд."

Аммо Ҳизб-ут-таҳрир билофосила тавассути сухангӯяш дар Лондон ин иддаои президент Каримов ва ҳар навъ дасти дахолат доштанаш дар хушунатҳои ахир дар Андиҷонро радд кардааст.

Ислом Каримов дар он нишасти хабарӣ гуфт, фармони оташ кушодан болои издиҳомро ӯ надодаааст. Оқои Каримов шумори афроди кушташуда дар Андиҷонро 30 нафар гуфт, ки ба ҳисоби вай аксараш асокири нируҳои давлатӣ будаанд. Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва шоҳидон шумори кушташудаҳо дар Андиҷонро дасти кам 300 нафар мегӯянд.

Дирӯз доманаи хушунатҳо аз Андиҷон ба Қаросӯ ва чанд шаҳри дигари воқеъ дар марзи Қирғизистон кашид. Ҳазорон нафар ба қасди убури марзи Қирғизистон ба гузаргоҳҳои марзӣ рехтаанд. Дар Қаросӯ издиҳом ба сохтмонҳои давлатӣ ҳуҷум оварда, ҳокими шаҳрро ҳатто багарав гирифтааст. Элмурод Юсуфалиев, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ аз Қаросӯ гузориш медиҳад, ки нирӯҳои давлати Узбакистон акнун аз Андиҷон роҳии Қаросӯ шудаанд. Элмурод Юсуфалиев дар бораи чандсад аскар гузориш дода мегӯяд, дар шаҳр ҳудуди 1000 нафар гирди ҳам омадаанд, ки мехоҳанд ба қаламрави Қирғизистон гузаранд.

Ва аммо дар ҳамин ҳол мақомоти Узбакистон аз хабарнигорони хориҷӣ, аз ҷумла аз ҳамкори мо дар Узбакистон Мирасрори Фарғонӣ хостаанд, ба далоили амниятӣ тарки шаҳри Андиҷон кунанд. Хабарнигори мо мегӯяд, рӯзи шанбе иддае аз мардуми Андиҷон аҷсоди наздикони кушташудаи худро ба назди сохтмони маъмурияти вилоят оварда, муҷозоти онҳоеро талаб мекарданд, ки болои мардум тир кушоданд.

Рӯзи шанбе, 14 май дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон дар атрофи сохтмони сафорати Узбакистон намоиши эътирозии гурӯҳе аз ҷавонони қирғиз барпо шуд, ки наҳви бархӯрди мақомоти Тошканд ба тазоҳургарони Андиҷонро ба боди шадиди интиқод кашида, ҳамраъйии худро бо тазоҳургарон баён доштаанд.

Ва ҳам рӯзи шанбе Иттиҳоди Аврупо ва паймони низомии НАТО аз давлати Узбакистон ва тазоҳургарони Андиҷон даъват карданд, аз идомаи ҳама гуна хунрезӣ даст кашида, ихтилофи назарҳои пешомадаро бо роҳи гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд. Раиси давраии Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли паймони НАТО дар баёнияҳои алоҳида дар бораи ба қурбонии зиёд печидани ҳамлаи мусаллаҳонаи артиши Узбакистон болои тазоҳургарон дар Андиҷон изҳори нигаронии амиқ кардаанд.
Мирзои Салимпур, Прага, Мирасрори Фарғонӣ, Андиҷон
XS
SM
MD
LG