Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои байналмилалӣ ба рӯйдодҳои Андиҷон


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар нахустин вокуниш рӯйдодҳои Андиҷонро кори дохилии Узбакистон унвон кард. Аммо баъдан вазорати вай бо пуштибонӣ аз Ислом Каримов изҳор дошт, ки ин ҳамлаи ба гуфтааш тундравонаро маҳкум мекунад.

Ва аммо ҳам маъмурияти раисиҷумҳури Амрико ва ҳам вазорати хориҷаи он кишвар бо изҳори нигаронӣ дар бораи рӯйдодҳои Андиҷон ҳар ду ҷониб - ҳам давлати президент Ислом Каримов ва ҳам тазоҳургаронро ба хештандорӣ даъват карданд. Сухангӯи Кохи Сафед Скот Мак-Клелан гуфт, хунрезӣ барои ҳеҷ як тараф роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад: "Мо ҳам давлат ва ҳам тазоҳургаронро даъват мекунем, ки дар чунин вақт аз хештандорӣ кор бигиранд. Мардуми Узбакистон мехоҳанд як давлати фарогиртару демократитарро сари кор бубинанд, вале ин кор бояд на бо роҳи хушунат, балки бо роҳҳои осоишта амалӣ шавад."

Мояи дигари нигаронии Амрико эҳтимоли аз маҳбаси Андиҷон раҳо хӯрдани аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон аст, ки Вошингтон онро дар феҳрасти гуруҳҳои террористӣ даровардааст. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико Ричард Боучер гуфт, бо вуҷуди ҳамроҳии Узбакистон дар маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор Вошингтон ба вазъи ҳуқуқи башар дар он кишвар аз паси панҷа наменигарист: "Дар ҳоле ки мо пайгирона аз вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон интиқод мекунем, мо хеле нигарони бурузи хушунатҳо дар Андиҷон ҳам ҳастем, ба хусус дар мавриди раҳоии зиндониҳо, чунки эҳтимоли раҳо ёфтани аъзои ҲИУ, созмоне, ки мо террористӣ мешиносемаш, низ вуҷуд дорад." Ричард Боучер афзуд, Амрико ҷонибдори ҷилавгирӣ аз роҳи хушунат, ором сохтани вазъ ва бо роҳи гуфтугу ҳалл кардани ихтилофи назари ҷонибҳост ва сафорати Амрико дар Тошканд билофосила бо шуруъи хушунатҳои Андиҷон ин дидгоҳи Вошингтонро ба самъи давлати Ислом Каримов расондааст.

Ва Иттиҳоди Аврупо масъулияти хушунатҳои ахири Андиҷонро ба дӯши давлати Каримов бор кардааст, ки ба ақидаи Бруксел, ба масоили ҳуқуқи башар, мурооти қонун ва ба масоили фақр дар кишвари худ таваҷҷуҳи кофӣ надошт. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ин рӯйдодҳо бояд давлати Узбакистонро ба сӯи тавсиъаи ислоҳоти иҷтимоиву сиёсӣ ташвиқ кунад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG